Сомон Эйр сабаби гарон будани нархи чиптаҳояшро шарҳ дод

Бино ба навиштаи хабаргузории “Садои Хуросон” Томас Ҳаллам мудири ширкати “Сомон Эйр” гуфтааст, шуруъ аз 20 – уми март то охири моҳи октябри имсол ширкати мазкур 416 парвоз барои хориҷ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз 10 кишвари хориҷӣ анҷом дода, ки ҷамъан теъдоди мусофирон 76 978 нафарро дар бар мегирад.

Мудири ширкат гуфта, ки нархи чипта барои ҳар мусофир 395 евро муқаррар гардидааст, ки дар муқоиса бо даврони қабл аз ҳамагирии COVID – 19 ду баробар зиёд аст.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки гаронии чипта ба ҳолати имрӯзаи дунё вобаст аст, ба гуфтаи мудири ширкат, чанд навъи масраф аст, ки дар болои маблағи чипта зам гардидааст, аз ҷумла ҳаққи хадамот, сӯзишворӣ, таъмири ҳавопаймо, музди  кормандон, молиёт ва ғайра.

Дар идома зикр гардидааст, ки ширкат маҷбур шуд 90 дарсад аз кормандони худро ба далели коҳиши шадиди теъдоди парвозҳо ба рухсатии бемузд равон кунад, ки аз моҳи июли гузашта ин афрод дубора сари кор баргаштаанд.

Як манбаъ ба шарти бурда нашудани номаш ба “Аздо тв” гуфт:

“Он чиро, ки хабаргузориҳо аз қавли мудирони ширкатҳои ҳавонавардӣ менависанд, воқеият надорад, зеро тӯли ду сол аст, ки расман бозори чиптафурӯшӣ зери дасти Тахмина – духтари раисҷумҳур ва шаҳвараш Зарифбек қарор гирифтааст. Пеш аз ин аз сари ҳар чипта ҳақ мегирифтанд, ҳоло ҳама чизро онҳо муқаррар мекунанд”.

Ба гуфтаи манбаи мо, Зарифбек замоне инҳисори билетҳои ҳавопаймоии кишварро ба даст гирифт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Ҳукумат аз гаронии нархи билетҳо ва фаъолияти раҳбарияти собиқи “Тоҷик Эйр” интиқоди шадид намуда, аз маҷлис берун кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Шикоят аз бетаваҷҷуҳӣ дар бемористон: бемор пас аз чанд соат интизорӣ ба кома рафт

Наворе, ки рӯзноманигор Шаҳлои Гулхоҷа дар саҳифаи худ дар...

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.