29.9 C
Dushanbe

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ озодии Хуршед Фозиловро талаб доранд

Панҷ созмони ҳомии ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки хабарнигори мустақил Хуршед Фозиловро фавран озод намуда, ба саркӯби журналистикаи мустақил дар кишвар хотима бахшад.

Созмонҳои Norwegian Helsinki Committee, International Partnership for Human Rights,Civil Rights Defenders, Helsinki Foundation for Human Rights ва Front Line Defenders рӯзи 24-уми марти соли ҷорӣ бо нашри баёнияе аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардаанд, ки Хуршед Фозиловро то оғози мурофиаҳо ба ҳабси хонагӣ гузаронанд, зеро ӯ рӯзноманигор аст ва дар содир намудани ҷиноятҳои хушунатомез муттаҳам намешавад.

Дар идома аз мақомоти кишвар хоста шудааст, ки тамоми мурофиаҳои додгоҳӣ нисбати Фозилов ошкор ва шаффоф баргузор шаванд ва ба парвандаи ӯ муҳри махфӣ назанад, то мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба Фозилов иттиҳоми иловагии сохта назананд.

Ичунин созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ӯ бояд ҳуқуқи бидуни монеа дастрасӣ ба вакили дифоъро дошта бошад ва мақомот амнияти ҷисмонӣ ва равонии ӯро таъмин намояд.

Дар баёнияи созмонҳо гуфта шудааст, ки мақомот бояд ошкор кунад, ки кадом навиштаи Фозилов дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба банди «д»-и қисми 2 моддаи 307 рост меояд ва агар ягон далел надошта бошанд, ин рӯзноманигорро бояд фавран озод кунанд.

Ин созмонҳои ҳуқуқи башар аз рӯзноманигорони зиндонӣ ёдовар шуда мегӯянд, ки ин бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон хабарнигоронро бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ ба ҷавобгарӣ мекашанд ва ин ҳолатҳо бахше аз саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон аст.

Созмони ҷаҳонии CIVICUS Monitor, ки озодиҳои бунёдӣ дар 197 кишварро арзёбӣ ва назорат мекунад, рейтинги Тоҷикистонро аз “репрессивӣ” ба “пӯшида” поин бурд. Мақоми “Пӯшида” барои як кишвар рейтинги бадтаринест, ки аз ҷониби CIVICUS Monitor ба он дода мешавад. Ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон фазои тарсу ҳарос вуҷуд дорад ва сокинон барои амалӣ кардани ҳуқуқҳои бунёдии худ пайваста зиндонӣ ва мавриди ҳамла қарор мегиранд.

Дар баёния аз мақомоти Тоҷикистон хоста шудааст, ки ба таъқибу таҳдиди рӯзноманигорон хотима бахшида, ба уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба таъмини озодии баён ва озодии ВАО эҳтиром гузорад.

Пештар аз ин Кумитаи дифоъ аз журналистон аз мақомоти Тоҷикистон озодии рӯзноманигор Хуршед Фозиловро талаб карда буд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов 6-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби ду шахси ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштаанд аз дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент дастгир ва ба макони номаълум бурда шуд.

Дертар маълум гашт, ки ӯро кормандони Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент боздошт кардаанд. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд қарор дорад ва мақомот нисбаташ бо моддаи 307 қисми 2 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Мақомот аз шарҳи парвандаи ин рӯзноманигор худдорӣ мекунад.

Хуршед Фозилов 37 сол дошта, соҳиби 3 фарзанд аст ва аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузоришҳои иҷтимоӣ менавишт. Пештар ӯро барои ҳамкорӣ бо собиқ сомонаи хабарии “Ахбор.ком” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар боздошт ва баъдан дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.