Созмони Human Rights Watch аз Тоҷикистон озодии Дониёр Набиевро талаб кард

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) 20-уми январ бо нигаронӣ аз вазъи саломатии Дониёр Набиев (бобои Дона)-и 80-сола аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ӯро фавран аз зиндон озод кунад.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар изҳороте, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр кард, гуфтааст, “Дониёр Набиевро барои хайрхоҳӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд. Ӯ танҳо дар талоши он буд, ки ба шахсони муҳтоҷ кумак кунад.”

Human Rights Watch менависад, ки Дониёр Набиев тайи чанд сол ҳар моҳ аз 15 то 30 доллар ҳуқуқи бознишастагиашро ба наздикон ва хонаводаҳои муҳтоҷи аъзоёни зиндонии ҲНИТ ҳамчун кумаки инсонӣ тақдим мекардааст.

Мақомоти Тоҷикистон моҳи августи соли 2020 Набиевро боздошт намуда ва 28-уми декабри соли гузашта дар як муроифа пушти дарҳои баста ба ҳафт соли зиндон маҳкум карданд.

Ба гуфтаи пайвандонаш ӯ бемории сил дошта, ҳоло вазъаш дар зиндон бад шудааст. Ҳамчунин чанде пеш онҳо аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостаанд, иҷоза бидиҳад, ки ӯ дар берун аз зиндон ҳукмашро адо кунад.

Дар баробари ин Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8-уми январи соли равон дар як изҳороташ гуфта буд, ки собиқ узви ҲНИТ бо гуноҳи ифротгароӣ ва кумаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар ба зиндон маҳкум шудааст.

Дидбони Ҳуқуқи Башар Дониёр Набиевро “қурбонии силсилабоздоштҳо ва маҳкумиятҳо бо ангезаҳои сиёсӣ” номида ва афзудааст, “қазияи ӯ нишон медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон аз саркӯби мухолифони худ даст бардоштанӣ нестанд.”

Ҳамчунин як сол қабл Гурӯҳи кории Созмони Милал оид ба боздошти худсарона гуфта буд, ки баъзе аъзоёни ҲНИТ ғайриқонунӣ зиндонӣ шудаанд ва ҳукумат бояд онҳоро раҳо кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Бедор мешавем!”: Рейди беш аз 500 муҳоҷир дар ҷойи хоб

Пулиси Русия субҳи барвақти 5-уми октябр дар чаҳор сохтмон дар ноҳияи Приморскийи шаҳри Санкт-Петербург рейд гузаронида, муҳоҷирони зиёдеро дастгир кардааст.

Нишасти САҲА ва курсии холии Тоҷикистон

Нишастҳои навбатии САҲА дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон шуруъ шуд.

Дар пасманзари буҳрони минтақавӣ БРО ба Тоҷикистон 20,5 миллион доллар ҷудо кард

Бонки рушди Осиё (БРО) барои дастгирии ислоҳоти низоми нафақа ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон 20,5 миллион доллар кумаки молӣ ҷудо кардааст.

Марзи номус: Галустяни “ҚАҲРАМОН” ва Раҷабови “ҶИНОЯТКОР”

Ду таҳқир, ду вокуниш: ҷомеъа якеашро диду вокуниш нишон дод, аммо мақомоти ҳардуяшро нодида гирифтанд ва ҳатто дар таҳқири миллат шарик шуданд.