11.9 C
Dushanbe

Стратегияи миллии Тоҷикистон дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи инсон

Ирмӯз, 5-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявӣ масъалаи Стратегияи миллии Тоҷикистон дар мавриди ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд.

Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, ҳамоиш бо ташаббуси ниҳоди Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зери унвони “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038: дурнамо ва амалисозии он” баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат кардаанд.

Дар ҳамоиш Умед Бобозода, Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар кишвар гуфта, ки Ҳукумат эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, “таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, кафолати озодӣ ва дахлнопазирӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлат”-ро яке аз мақсадҳои асосии кори худ қарор додааст.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҳоле аз “эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон” дар кишвар суҳбат мекунад, ки то имрӯз даҳҳо маротиба созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башарӣ аз помол шудани оддитарин ҳуқуқу озодиҳои шахс дар Тоҷикистон интиқод мекунанд.

Мувофиқи шохисҳои созмонҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистон дар мавриди риояи ҳуқуқи инсон дар мақоми поинтарин қарор гирифта, ҳамчун кишвари диктотуртарини дунё шинохта шудааст. Ҳатто дар ин радабандиҳо Тоҷикистон дар қатори Куриёи Шимолӣ ва Туркманистон ҷой гирифтааст.

Созмони Милали Муттаҳид 4-уми июли соли ҷорӣ бо нашри эъломияе аз ҳукмҳои пайиҳами ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорону фаъолони маданӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буд.

Дар ин эъломия коршиносони СММ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буданд, ки барои беҳтар кардани вазъи ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорону фаъолони зиндонӣ ба уҳдадориҳои худ пойбанд бимонад.

Коршиносон ба ҳукумати кишвар хотиррасон карданд, ки ҷиноят эълон кардани кори осоиштаи ҳомиёни ҳуқуқ ба уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаи ҳуқуқии инсон мувофиқат намекунад. 

Инчунин дар ин эъломия таъкид мешавад, ки омехта кардани ҳомиёни ҳуқуқи башар бо ифротгароён ва террористон амали бисёр хатарнок аст.

СММ аз парвандаи хабарнигорону блогерон, фаъолонони маданӣ ва вакилони дифоъ, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Манучеҳр Холиқназаров ва Фаромӯз Иргашов ёдовар шуда, мегӯяд, ки аз ин 9 нафар 8 нафар ба ифротгароӣ ва терроризм айбдор шудаанд. 

Коршиносони СММ аз ин ки Қонуни “мубориза бар зидди терроризм” барои пахши садоҳои интиқодӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомдорон мавриди суиистифода қарор гирифтааст, изҳори нигарони ҷиддӣ карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳудуди 1 милллион зиндонии сиёсӣ дар ҷаҳон

Даҳҳо созмони байналмилалии ҳуқуқи башар бо нашри баёнияи муштараке хостори озодии фаврии зиндониёни сиёсӣ дар саросари ҷаҳон шуданд.

Оё дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дигар сарҳадбонон ҳузур нахоҳанд дошт?

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон эҳтимол аст дар ояндаи наздик ниёз ба ҳузури доимии сарҳадбонон аз байн равад. 

Подшоҳи Британия шоҳзода Эндрюро аз ҳамаи унвонҳо маҳрум кард

Подшоҳи Британия, Чарлз III расман бародари хурдиаш, шоҳзода Эндрюро аз ҳамаи унвонҳо ва мақомҳои ифтихорӣ маҳрум кард.

Дар 9 моҳ беш аз 18 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро қатъ кард

Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 18 ҳазор соҳибкори инфиродӣ дар Тоҷикистон фаъолияти тиҷоратии худро расман қатъ карданд.