16.9 C
Dushanbe

Стратегияи нави шарикии БОР бо Тоҷикистон

Бонки Осиёии Рушд (БОР) стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистонро қабул кард, ки ҳадафи он баланд бардоштани сифати рушди иқтисодии кишвар тавассути дастгирии талошҳои ҳукумат дар самти беҳбуди натиҷаҳои истеҳсолӣ ва ҷалби сармоягузории хусусӣ мебошад.

www.adb.org

Гуфтанист, стратегияии шарикии БОР бо Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул карда шудааст.

Дар доираи ин стратегия, БОР дар Тоҷикистон се афзалияти стратегиро дастгирӣ хоҳад кард: дастгирии ислоҳоти сохторӣ барои беҳтар намудани тақсимот ва сафарбаркунии захираҳо, баланд бардоштани натиҷаҳои истеҳсолии кор тавассути рушди сармояи инсонӣ ва мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ тавассути сармоягузорӣ ба коммуникатсияҳои рӯизаминӣ.

Евгений Жуков, Директори иҷроияи БОР дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ, мегӯяд: “Стратегияи нави шарикии мо нияти қатъии БОР-ро дар расонидани кумак ба Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти асосии рушд, аз ҷумла, барқароршавӣ аз пандемияи COVID-19 тасдиқ мекунад.”

Ҳамчунин БОР ислоҳоти сохтории ҳукуматро дастгирӣ мекунад, то Тоҷикистон ба макони ҷолиб барои сармоягузорони хусусии хориҷӣ ва ватанӣ табдил гардад.

Дар баробари ин БОР дастгирии таҳсилот ва рушди малакаҳои кории ба бозор мувофиқро тақвият бахшида, инчунин ба таҳкими фаъолияти хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат намуда, барои беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, истеҳсолоти кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои табииро дастгирӣ мекунад.

Аз замоне, ки Тоҷикистон дар соли 1998 ба Бонки Осиёии Рушд пайваст, Бонк бузургтарин шарики бисёрҷонибаи кишвар гардида, дар ин муддат барои рушд ба Тоҷикистон беш аз 2,2 млрд доллар, аз ҷумла тақрибан 1,7 млрд доллар грант ҷудо кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти бародари Тошиев дар Қирғизистон

Шаирбек Тошиев, бародари хурдии собиқ раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев бо гумони фасодкорӣ боздошт шудааст.

Нақшаи даъвати ҷавонон дар Бадахшон ва Хатлон пурра иҷро шуд

Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон дар рӯзи аввал пурра иҷро шудааст.

Тоҷикистону Чин ҳамкориҳои тиббиро афзоиш медиҳанд

Бар асоси имзои як ёддошти ҳамкорӣ ширкатҳои беҳдоштии чинӣ омодаанд дар зерсохторҳои тиббии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.

Марги 29 нафар бар асари суқути ҳавопаймои ҳарбии Русия дар Қрим

Рӯзи 31-уми марти соли 2026 дар нимҷазираи Қрим як ҳавопаймои ҳарбии Русия тамғаи Ан-26 суқут кард.