Ҳалокати 5 узви як хонавода дар Суғд

Бино ба иттилои расонаҳо, 24-уми июли соли ҷорӣ дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд дасти кам 7 нафар ҷони худро аз даст додааст.

Ба қавли манбаъ: “Дар садамаи нақлиётие, ки зуҳри имрӯз дар даромадгоҳи ноҳияи Мастчоҳ рух дод, дастикам 7 сокини ин ноҳия ба ҳалокат расиданд, ки 2 нафарашон ноболиғ мебошанд.”

Дар робитаи ба ин ҳодиса, як масъул аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ гуфтааст, ки “5 нафари онҳо узви як оила ҳастанд ва сокинони ҷамоати деҳоти Фотеҳободи ноҳия мебошанд.”

Ин масъули ҳукуматӣ гуфтааст, ки субҳи имрӯз ин сокинон ба хотири пешвози писари муҳоҷирашон ба шаҳри Хуҷанд рафта буданд ва “баъди пешвози муҳоҷир, падари хонадон ва дигар аҳли оила ба самти ноҳияи Мастчоҳ ҳаракат карданд. Дар роҳи даромадгоҳи ноҳия мошини кироякаш (таксӣ), ки самти ҳаракаташ Ойбек – Душанбе буд, бо мошини онҳо бармехӯрад” ва боиси ин фоҷеаи пурқурбонӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ба сабаби дуруст риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо аз ҷониби ронандаҳо садамаҳои маргбори ба ин монанд дар роҳҳои Тоҷикистон зиёд рух медиҳад. Аммо дар бораи ин ҳодиса, то замони таҳияи ин матлаб, мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ ба сурати расмӣ изҳороте нашр накардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.