Суқуқти ҳукумати Башшор ва омадани ҳукумати нав дар Сурия

Мухолифони Башшор Асад тавонистанд дар давоми 12 рӯз ҳукумати диктотурии 54-соларо дар Сурия сарнагун кунанд.

Мухолифини Башшор, ки дар шимоил Сурия дар қисмате аз шаҳри Идлиб зиндагӣ мекарданд, рӯзи 27-уми ноябр ҳамларо ба шаҳри Ҳалаб оғоз карданд ва бомдоди 8-уми декабри соли ҷорӣ ба пойтахти ин кишвар, шаҳри Димишқ расиданд ва ба ҳукумати диктотурии Башшор Асад поён доданд.

Гурӯҳҳои мухолифи ин кишвар аз чандин гурӯҳҳои мусаллаҳ иборат ҳастанд, ки ҳама барои сарнагунии ҳукумати Асад зери раҳбарии Аҳмад Аш-Шаръ, маъруф ба Абумуҳаммад Ҷулонӣ, раҳбари “Ҳайати озодии Шом” муттаҳид шуданд.

Худи Ҷулонӣ дар як мусоҳибае бо шабакаи CNN гуфт, ки ин эътилофи муваққатӣ аст, баъди аз байн бурдани ҳукумати Башшор Асад ин эътилоф кори худро низ поён медиҳад ва бо ҳам як Сурияи нав месозанд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои арабӣ ба нақл аз мақомоти баландпояи истихбороти амрикоӣ хабар доданд, ки ин кишвар гуфтааст, бо назардошти масолеҳи худ дар ин минтақа омодааст бо “Ҳайати озодии Шом” ва хусусан бо раҳбари он Муҳаммади Ҷулонӣ вориди гуфтугӯ шавад.

“Ротерз” ҳам бо нашри гузорише аз мақомҳои амниятии Амрико навишт, ки давлати Трамп эҳтимол “Ҳайти таҳрири Шом”-ро аз феҳристи “гурӯҳҳои террористӣ” берун кунад.

Расонаҳои маҳаллӣ низ хабар доданд, ки Ҷулонӣ раиси шаҳри Идлиб Муҳаммад Баширро ҳамчун раиси ҳукуматии интиқолӣ интихоб кардааст ва ӯ бояд дар рӯзҳои наздик ҳукумати муваққатро ташкил кунад.

Аммо ҳукумати Башшор Асад чӣ гуна суқут кард?

Бино ба иттилои шабакаи “Ал-Ҷазира”, ҳамла аз онҷо шуруъ шуд, ки 26-уми ноябр артиши Сурия ба минтақаи Ариҳаи Ҳалаб, ки таҳти нуфузи мухолифон буд, ҳамла карданд ва дар натиҷа 16 нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Субҳи рӯзи чоршанбеи 27-уми ноябр мухолифони Башшор амалиёти низомиеро бар зидди нерӯҳои ҳукуматии Сурия зери унвони “Посух ба таҷовуз” оғоз карданд. Ва ба қисматҳои ғарбии шаҳри Ҳалаб ва шарқи Идлиб ҳамла карданд. Пас аз чанд соат тавонистанд беш аз 20 шаҳраку деҳаҳоро забт карданд ва инчунин пойгоҳҳои низомиро дар ин минтақаҳо низ зери тасарруфи худ дароварданд.

Пас аз ду рӯзи задухӯрд мухолифон тавонистанд шаби 29 ба 30-юми ноябр шаҳри Ҳалабро пурра ба тасарруфи худ дароранд. Пас аз тасарруфи ин шаҳр мухолифон ба хазинаҳои силоҳ низ даст ёфтанд ва тавонистанд ҷангро ба дигар шаҳрҳо идома диҳанд.

Пас аз тасарруфи Ҳалаб нерӯҳои артиши Сурия барои тазъифи мухолифин дар якҷоягӣ бо нерӯҳои Русия чандин минтақаҳои аҳолинишин ва дошингоҳу беморхонаҳоро дар Ҳалаб бомборон карданд, ки дар пайи он 12 нафар кушта шуд.

Мухолифон пас аз озод кардани шаҳри Ҳалаб ба сӯи шаҳри Ҳамо раҳсипор шуданд, баъд аз даргириҳои зиёд билохира рӯзи 5-уми ноябр тавонистанд шаҳри Ҳаморо низ ба зери тасарруфи худ дароранд. Мухолифон аввалин коре, ки мекарданд, аз зиндонҳои шаҳрҳои озодшуда ҳазорон зиндониро, ки ҳукумати Башшор Асад бо туҳматҳои бофта ва ҷурмҳои сабук барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ карда буд, озод мекарданд.

Пас аз тасарруфи шаҳри Ҳамо таҳлилгарон мегуфтанд, ки ба сабаби шаҳри стратегӣ будани он, озод шудани дигар шаҳрҳо низ барои мухолифин осон хоҳад шуд.

Ҳарчанд нерӯҳои Башшор Асад дар шаҳрҳои Растан ва Ҳимс тақвият шуданд ва мехостанд пеши роҳи вуруди мухолифонро бигиранд, вале ин шаҳрҳо низ пайи ҳам рӯзҳои 6 ва 7-уми декабр аз дасти ҳукумат ба дасти мухолифин афтод.

Шоми 6-уми декабр низ аз шаҳрҳои Даръо, Қунайтира аз ҷануби Сурия мардум бар зидди ҳукумат шӯриш карданд ва постгоҳҳову маконҳои низомиро тасарруф карданд. Ба ҳамин тариқ шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия аз чанд ҷиҳат муҳосира шуд ва бомдоди рӯзи 8-уми декабр пурра ба тасарруфи мухолифон даромад ва низоми Башшор Асад суқут кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Душанбе зане бо гумони қатли як мард боздошт шуд

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зан бо гумони даст доштан дар қатли як марди 61-сола дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар пасманзари гуфтугӯҳои Трамп бо Путин ва Зеленский, ҳамлаҳо ба Украина идома доранд

Бар асари ҳамлаҳои густурдаи Русия ба Украина шаби 15-уми июн дастикам 9 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҷасади собиқ афсари ВКД-и Тоҷикистон, ки дар Украина меҷангид, дар Восеъ дафн шуд

Ҷасади Маҳмадҷон Бозоров, сарҳанги собиқи ВКД, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудааст, рӯзи 15-уми июн дар ноҳияи Восеъ ба хок супурда шуд.

Трамп оташбас байни Амрико ва Эронро эълон кард

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп шаби гузашта эълон кард, ки Вашингтон ва Теҳрон ба "созишномаи сулҳ" даст ёфтаанд.