Имрӯз заминларзаи сахте ду маротиба Тоҷикистонро такон дод

Субҳи рӯзи 23-уми феврали соли 2023, 30 километр дуртар аз “Кӯли-Сарез” заминларзаи сахте бо қувваи 6,7 балл Тоҷикистонро ду маротиба такон дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон 23-уми феврал иттилоъ дод, ки субҳи имрӯз дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду маротиба заминларза ба қайд гирифта шуд. Бори аввал соати 05:37 дар маркази он 6,7 балл ва бори дуюм соати 05:55 бо қувваи 5-6 балл буд.

Гуфта мешавад, маркази заминларза дар 65 километрии маркази ноҳияи Мурғоб ва 30 километр дуртар аз “Кӯли-Сарез” рух додааст. Тибқи иттилои КҲФ, заминларза талафоти ҷонӣ ва молӣ надошт.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба телевизионҳои чинӣ иттилоъ дод, ки маркази заминларза дар деҳаи Аличури ноҳияи Мурғоб буда, шиддатнокии он 7,2 балл мувофиқи ҷадвали Рихтерро ташкил дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, шиддатнокии заминларза дар шаҳри Хоруғ 5-6 ва дар Душанбе 2-3 балл буд.

Аммо дар қисмати ҷануби Тоҷикистон заминларза қариб, ки эҳсос нашудааст. Бархе сокинони ин минтақа дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, заминларзаро умуман нафаҳмидаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳре, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол додаанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.