Гузоришгари СММ: Вазъи ҳомиёни ҳуқуқи башар торафт бадтар мешавад

Маркази мубориза бо табъиз мегӯяд, Тоҷикистон бо сӯиистифода аз қонунҳои зидди терроризму экстризм алайҳи рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мубориза мебарад.

Дирӯз 11-уми декабри соли 2022 Маркази мубориза бо табъиз, мақарраш дар шаҳри Ню-Йорки Амрико гуфта буд, муҳлати будубоши хонум Мэри Лоулор, Намоядаи вежаи Созмони Миллали Муттаҳид барои шиносоӣ бо вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба поён мерасад, вале вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бадтар мешавад.

Маркази мубориза бо табъиз таъкид мекунад: “Қонунҳо дар бораи пешгирии ифротгароӣ ва мубориза бо терроризм барои ҳадаф гирифтан ва муҷозот кардани ҳомиёни ҳуқуқи башар, ки дар ҷамъи онҳо рӯзноманигорони мустақил, блогнависон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар кормандони расонаҳо ҳузур доранд, истифода мешаванд.”

Пеш аз ин Намояндаи вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Мэри Луолор гуфта буд: “Бархе аз мансабдорони Ҳукумати Тоҷикистон талош доранд, ки бо ҳомиёни ҳуқуқи башар робитаи мусбат дошта бошанд”, аммо “вазъи ҳомиёни ҳуқуқи башар торафт бадтар мешавад.”

Инчунин Гурӯҳи байналмилалии ҳуқуқи ақалиятҳо бо интишори баёнияе дар робита ба маҳкум ба зиндон кардани бону Улфатхоним Мамадшоева гуфта буд: Ба зиндон маҳкум кардани раҳбарони ҷомеаи маданӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро маҳкум мекунад. Дар байни онҳо рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоева низ ҳузур дорад, ки ба 21 соли зиндон маҳкум шуд. Ин ҳукм (дар байни ҳукмҳои дигар нисбат рӯзноманигороне, ки дар як соли ахир боздошт ва зиндонӣ шудаанд,) тӯлонитарин ҳукм дониста мешавад.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон дар камтар аз 8 моҳи ахир дасти кам 8 нафар аз рӯзноманигорон ва блогнависони шинохтаи кишварро боздошт ва бо иттиҳомоти сохта ва бофта, ки қариб ҳамаи ин иттиҳомотро онҳо рад карданд, ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд.

Инчунин дар қатори онҳо даҳҳо нафар аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастанд ва дар дохили Тоҷикистон ва хориҷ аз он, ба хусус дар Русия зиндагӣ мекарданд, боздошт ва ба ватан истирдод карда ва бо иттиҳомоти мухталифе, ки додгоҳи ҳамаи онҳо пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳҳо сурат гирифт, ба муддатҳои тӯлонӣ ва ҳатто ҳукми абад маҳкум карданд.

Бар илова, дар ин сол мақомоти Тоҷикистон дар чанд давра аз иқдомоти худ дасти кам се маротиба дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ба ҷиноятҳои комилан вазнин, қатлҳои оммавӣ даст заданд. Ин амрҳо вокунишҳои мухталиферо дар дохил ва хориҷи кишвар ба вуҷуд оварад ва боис шуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон зиёдтар таваҷҷуҳ кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.