Суръати Интернет дар Тоҷикистон боло мешавад?

Дар Тоҷикистон суръати Интернет боло ва нархи он поин мешавад, аммо кай маълум нест.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯз, 30-уми январ дар Душанбе ғайричашмдошт эътироф кард, ки сатҳу сифати Интернет дар кишвар паст аст.

Эътирофи Илҳомҷон Атоев дар ҳолест, ки чанде пеш раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз суръати пасти интернет ва нархи баланди он интиқод карда, аз Хадамоти алоқа талаб карда буд, ки минтақаҳо ва махсусан ноҳияҳои дурдастро бо Интернети суръаташ баланд таъмин кунанд ва нархи онро поин баранд.  

Муовини раиси Хадамоти алоқа мегӯяд, ки барои бартараф намудани камбудиҳо аз ҳисоби мутахассисон ва муҳандисони соҳа ситоди доимии оперативӣ таъсис дода шуда,”Мутахассисон ва ширкатҳои мобилӣ вазифадор шудаанд, пойгоҳҳоеро, ки муштариро бо низоми интернети мобилӣ пайваст мекунад, зиёд кунанд. Пеши роҳи худсарона хомӯш кардан ё канда гирифтани пойгоҳҳо низ гирифта шавад.”

Инчунин Илҳомҷон Атоев ба хабарнигорон гуфт, ки раисаш Бег Сабур барои ҳалли мушкили интернет ба ноҳияи Мурғоби Бадахшон рафтааст. Чун дар аксари ҷойҳо танҳо 2G мавҷуд аст.

Муовини Бег Сабур гуфт, тибқи нақша дар ояндаи наздик бояд 450 истгоҳи базавӣ барои 4G вориди Тоҷикистон шавад.

Илҳомҷон Атоев мисли гузашта, боз сокинони кишварро гунаҳкор карда гуфт, ки “Танҳо дар марҳилаи аввали рушди инфрасохтор дар ҷумҳурӣ 500 стансияи базавӣ лозим аст. Мушкилот дар он аст, ки аксари одамон дар назди хонаҳои худ ҷойгир кардани истгоҳҳои асосиро манъ мекунанд. Аз ин лиҳоз сифати интернет паст мешавад”.

Ба гуфтаи Атоев қимати интернет дар кишвар коҳиш хоҳад ёфт, аммо маълум нест, ки кай.

“Дар бораи нархи Интернет корҳои ҳам иқтисодӣ, ҳам сиёсӣ ва ҳам технологӣ ба роҳ монда шудааст. Рӯзҳои наздик амалӣ хоҳад шуд. Дархости заруриро ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ фиристодем. Дар ин самт ҳамкорӣ дорем, иқтисоддонҳо кор карда истодаанд,” – афзуд Илҳомҷон Атоев.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқа, шумораи корбарони Интернет дар кишвар 4,5 миллион нафарро ташкил дода, дар ҳоли афзоиш аст.

Сокинон ва меҳмонони кишвар ҳамеша аз суръати пасти Интернет ва нархи баланди он шикоят мекунанд. Аммо Хадамоти алоқа, ки бозори Интернетро пурра аз соли 2018 дар даст дорад, то танқиди Эмомалӣ Раҳмон сифати пасту нархи баланди интернетро эътироф намекарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Марзи номус: Галустяни “ҚАҲРАМОН” ва Раҷабови “ҶИНОЯТКОР”

Ду таҳқир, ду вокуниш: ҷомеъа якеашро диду вокуниш нишон дод, аммо мақомоти ҳардуяшро нодида гирифтанд ва ҳатто дар таҳқири миллат шарик шуданд.

Дар Русия мехоҳанд аз пули фиристодаи муҳоҷирон андоз ситонанд

Баъзе аз сиёсатмадорон дар Русия пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми интиқоли пул аз Русия ба хориҷ то 3 дарсад маблағи иловагӣ ситонида шавад.

СММ: Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт доранд

Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт дошта, зиёда аз 80 дарсади хисороти аз офатҳои табиӣ расидаро ташкил медиҳанд.

“Бесавод” ва “неандертал”: Интиқоди Шаҳидӣ аз мунтақидони Галустян

Пас аз сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон ва вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ, Табрез Шаҳидӣ, писари оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ аз ӯ ҳимоят карда, мунтақидонро "неандертал" хонд.