Таҳдидҳои нав аз он сӯи марзҳо

Таҳдидҳои нави силоҳбадастони тоҷик дар он сӯи марзҳо вокунишҳои ҷиддиеро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст.

Гурӯҳе аз силоҳбадастони тоҷик бо нашри як навори видеоӣ ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳом ҳушдор додаанд, ки ба зӯдӣ барои сарнагун кадани вай вориди Тоҷикистон хоҳанд шуд.

Ин навор ба зоҳир дар хоки Афғонистон сабт шудааст. Силоҳбадастон номи гурӯҳи худашонро зикр накардаанд, вале парчами дурангии онҳо таваҷҷуҳи хеле аз расонаҳо ва коршиносонро ба худ ҷалб кардааст.

Дар навор ду нафар зоҳир мешаванд, ки ҳарду рӯйҳои худро пинҳон карданд. Яке аз онҳо, ки худро Муъовияи Хуросонӣ муаррифӣ мекунад, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро “ҳукумати комунистӣ” ва “ҳукумати кофирӣ” хонда, иддао дорад, ки ба зудӣ барои сарнагун кардани он хоҳанд омад.

Бо ин вуҷуд, намояндаҳои ин гурӯҳи ҷадид, ки баъзеҳо онҳоро аъзои Ҳаракати “Ансоруллоҳи Тоҷикистон” ҳам гуфтаанд, аммо таркиби парчами ин гурӯҳ аз парчами Ансоруллоҳ фарқ мекунад. Парчами онҳо таркибе аз парчами Толибони Афғонистон ва ДИИШ аст.

Раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбат бо “Афғонистон Интернешнл” дар бораи онҳо эъломи ноогоҳӣ карда, гуфтааст, ки чун “Ҳукумати Тоҷикистон тибқи маъмул ҳамеша маълумотҳоро пинҳон медорад ва ба расонаҳо ва коршиносон хеле ба таъхир медиҳад, ин боиси сӯитафоҳумҳо ва гоҳҳо иштибоҳ дар қазоват ва баҳо додан ба ин ҳодисаҳо мешавад”.

Гуфта мешавад, нашри ин навор пас аз ҳодисаи хунини ахир, ки дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон гузашт ва дар натиҷа як шарҳванди Чин кушта ва чор нафари дигар захмӣ шуданд, сурат гирифтааст. Ба ҳамин хотир навори ин гурӯҳ таваҷҷуҳи зиёдеро ба худ ҷалб кардааст.

То замони таҳияи ин матлаб мақомоти Тоҷикистон на ҷузъиёти ҳодисаи хунини ноҳия Шамсиддин Шоҳин дар вилояти Хатлони Тоҷикистонро шарҳ додаанд ва на дар бораи ин таҳдидҳои нав ба сурати расмӣ вокуниш кардаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам Ҳаракати Толибони Афғонистон ва ҳам Ҳаракати Ансоруллоҳи Тоҷикитсонро гурӯҳҳои террористӣ эълон кардааст ва ҳамагуна фаъолияти онҳо дар қаламрави хоки кишвар мамнуъ аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.