Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар вазоратҳои адлияву фарҳанг, додситониву амният, Ожонсии зидди фасод, Палатаи ҳисоб ва дигар мақомоти назди ҳукумат тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро анҷом дод.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент, имрӯз, 25-уми феврал, Раҳмонов бо қароре Санъат Асоро аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, ки дар ин вазифа аз соли 2015 кор мекард озод ва ба нафақа гусел кардааст. Ба ҷойи ӯ, Исмоил Вализода, ҳамакнун собиқ муовини сардори Саридораи геология, сардори ин хадамот таъйин гардидааст.
Ҳамчунин бо қарорҳои Эмомалӣ Раҳмон Асадулло Ҳакимзода аз вазифаи муовини вазири адлия барканор ва муовини якуми вазири адлия таъйин шуда, ба ҷойи ӯ Шарофиддин Шарифзода, ки то кунун сарнотариуси давлатии Саридораи нотариалии ин вазорат буд, муовини вазири адлия таъйин шудааст.
Аз ҷумла, бо қарори дигар, Фаридун Бобозода, ки то ин дам муовини сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур буд, курсии холии муовини вазири фарҳангро соҳиб шудааст.
Бо амри раисҷумҳур, Солеҳ Завқизода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Маркази таълимии додрасҳои назди Додгоҳи олӣ озод шуд ва ба ҷояш Асомуддин Бобохонзода таъйин гардид.
Ҳамчунин дар пайи ин ҷойивазкуниҳо Бобоҷон Саттор муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳал таъйин гардида, Бақохоҷа Бобозода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ озод шуд ва бо пешниҳодҳои раисҷумҳур дар бораи аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоб озод кардан ва ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоб таъйин шудани Шуҳрат Аҳмадзода ва ба ҷойи ӯ таъйин гардидани Парвиз Маҳмадшарифзода ҳамчун сараудитор ба Маҷлиси намояндагон барои тасдиқ ирсол гардидаанд.
Дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон сардорони чанде аз раёсатҳои Додситонии кул ва додситониҳои ноҳияҳои Ванҷу Мурғоб, ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Ховалинг, шаҳри Бӯстон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳ нав шуд. Ҳамчунин сардорони шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар чанд шаҳру ноҳияҳои кишвар, сардорони раёсати Ожонсии зидди фасод дар шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт низ иваз шудаанд. Аммо Хадамоти матбуоти Президент номи мақомдорони навро наовардааст.
Бояд гуфт, дар аксҳое, ки сомонаи расмии Президент нашр кардааст, Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон дида намешавад, ин ҳам дар ҳолест, ки раисони дигар идораву вазоратҳои давлатии кишвар, ки дар ниҳодҳои зери раҳбарияшон тағйироту ҷойивазкунӣ сурат гирифт ҳузр доранд.

Аз аввали моҳи ҷорӣ ин бори дувум аст, ки Саймумин Ятимов дар ҷаласаҳои муҳими давлатӣ ҳузур надорад. Аз ҷумла, раиси КДАМ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар, ки 19-уми феврал таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, иштирок накарда буд.
Гуфта мешавад, тибқи маъмул, дар Тоҷикистон ҳамасола тағйироти кадрӣ сурат мегирад, аммо аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ ва ҷойивазкунӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисос ва донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар шинос будану наздик будан ба хонаводаи ӯ аст. Аксар мақомдорон аз як вазифа барканор шуда, бидуни дар назар гирифтани дастовардҳои шахсӣ ва донишу маҳорат ба вазифаи дигар таъйин мегарданд ва ё кадрҳои нав мақомҳоро бо пули калоне мехаранд.
