6.9 C
Dushanbe

Таҳсил дар мактабҳои Русия барои муҳоҷирон пулакӣ мешавад

Вакилони Думаи давлатии Русия лоиҳаи нави қонунеро дубора таҳия доранд, ки тибқи он таҳсили ройгон барои кӯдакони муҳоҷирон дар мактабҳои Русия аз синфи 1 то 11 бекор карда мешавад.

Бино ба гуфтаи раиси Кумитаи меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва корҳои собиқадорони Думаи давлатӣ Ярослав Нилов, кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ новобаста аз синну сол ва сатҳи дониш метавонанд танҳо бо пардохти маблағ дар мактабҳои Русия таҳсил кунанд.

Ӯ ҳамчунин иддао кардааст, ки ин ташаббус ба хотири “ҳифзи асаби омӯзгорон ва худи кӯдакони хориҷӣ, ки забони русиро наметавонанд омӯзанд”, равона шудааст.

Нилов ба шаҳрвандони хориҷӣ пешниҳод кардааст, ки фарзандонашонро дар хона бо волидон монанд ё барномаҳои махсуси пулакиро интихоб кунанд.

Ғайр аз ин, дар лоиҳаи қонун пешниҳод шудааст, ки шумораи кӯшишҳо барои супоридани имтиҳони забони русӣ барои кӯдакони муҳоҷирон то се маротиба маҳдуд карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2024 як гурӯҳ вакилон лоиҳаи қонунеро пешниҳод карда буданд, ки дар он таҳсили пулакӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар зинаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва миёнаи умумӣ пешбинӣ мешуд. Вале дар моҳи июли соли 2025 он дар марҳилаи хониши аввал дар Думаи давлатӣ рад гардид ва ҳукумат он вақт хоста буд, ки лоиҳаро такмил кунанд.

Ба гуфтаи Ярослав Нилов, версияи нави лоиҳаи қонун бо дарназардошти эродҳои қаблӣ таҳия шуда, метавонад дар наздиктарин фурсат ба баррасии Дума пешниҳод гардад.

Пештар аз ин раисҷумури Русия Владимир Путин дар моҳи декабри соли 2024 қонунеро тасвиб карда буд, ки тибқи он фарзандони муҳоҷирон танҳо дар сурате ба мактаб қабул карда мешаванд, ки будубоши онҳо дар Русия қонунӣ бошад ва сатҳи дониши забони русии онҳо тавассути имтиҳон тасдиқ гардад.

Вале аксар фарзандони муҳоҷирон ба имтиҳони забони русӣ барои шомил шудан ба мактабҳои ин кишвар бо ҳар баҳона роҳ дода нашудаанд.

Аммо коршиносони соҳаи таълим ва таҳлилгарон аз ин қонун интиқод карда, ҳушдор дода буданд, ки он боиси дур мондани наврасон аз таълиму тарбия ва наздик шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ мегардад.

Бо вуҷуди ин ҳушдорҳо раиси Дума Володин назорат аз болои татбиқи ин қонунҳоро муҳим дониста, мегӯяд, ки дар ҳолати зарурӣ ба онҳо ислоҳоти иловагӣ ворид карда мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл даромад ворид карданд.

13 тоҷик дар Русия ба ҳабси абад маҳкум шуданд

Яке аз додгоҳҳои Русия ҳукми 19 гумонбари ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл"-ро, ки 16 нафараш зодагони Тоҷикистон мебошанд содир кардааст.

СММ бо қабули қатънома аз Эрон хост ба кишварҳои Халиҷи Форс ҳамла накунад

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид шоми рӯзи 11-уми март...

Аз ҷанг бар зидди Эрон 12 рӯз гузашт: Теҳрон аз шиддат бахшидани ҳамлаҳояш хабар дод

Бо ворид шудани ҷанги Амрико ва Исроил бо Ирон ба рӯзи 12-уми худ, нефт дар даҳҳо кишвари дунё ба таври нигаронкунанда гарон шудааст.