Президенти Тоҷикистон бо анҷоми як қатор тағйироти кадрӣ раис Суди вилояти Хатлон ва Суди иқтисодии ин вилоятро ҳам аз вазифа барканор кард. Акс: Интернет 13-уми июли соли 2022, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо судури фармонҳое Мирзозода Рустам Пираҳмадро аз вазифаи раиси Суди вилояти Хатлон ва Хайриддинзода Азизбекро аз вазифаи раиси Суди иқтисодии ин вилоят барканор […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Президенти Тоҷикистон бо анҷоми як қатор тағйироти кадрӣ раис Суди вилояти Хатлон ва Суди иқтисодии ин вилоятро ҳам аз вазифа барканор кард.
Акс: Интернет
13-уми июли соли 2022, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо судури фармонҳое Мирзозода Рустам Пираҳмадро аз вазифаи раиси Суди вилояти Хатлон ва Хайриддинзода Азизбекро аз вазифаи раиси Суди иқтисодии ин вилоят барканор кард.
Эмомалӣ Раҳмон зимни судури фармонҳои худ Ёқубзода Абдураҳмон Холдорро низ аз вазифаи раиси суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон барканор кард ва инчунин 8 судяи дигареро ҳам аз мақомҳои худ дар суди шаҳри Душанбе, судҳои ноҳияҳои Сино, Рудакӣ, Ёвон ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд низ сабукдӯш кард.
Гуфта мешавад, маълмулан судяҳо дар Тоҷикистон барои панҷ сол дар як мансаб таъйин карда мешаванд, аммо ин муқаррарот ҳамеша риоя намешаванд.
Дар аксари авқот судяҳо дар як мансаб камтар аз як сол кор карда, Президент ҷойи онҳоро тез-тез тағйир медиҳад. Аз сӯи дигар, дар давоми камтар аз се моҳи ахир Эмомалӣ Раҳмон дасти кам чанд судяро аз вазифаҳояшон барканор карда буд. Ва иллати барканории онҳо “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” гуфта мешуд.
Ҳамзамон, бархе аз коршиносони тоҷик ҳам мегӯянд, ки яке аз иллатҳои асосии ин тағйироти пешазмуҳлат дар мақомоти судӣ вуҷуд доштани омилҳое чун ришвадиҳӣ ва ришватситонӣ барои ишғоли мансабҳост ва худи Эмомалӣ Раҳмон ҳам яке аз фоидабигирҳои асосии он дониста мешавад.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.