Тахриби чойхонаи “Роҳат” ва Театри Лоҳутӣ

Мақомот мехоҳанд ду бинои таърихии шаҳри Душанбе чойхонаи “Роҳат” ва Театри Лоҳутиро тахриб кунанд.

Тахриби ин ду бинои таърихиро Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, рӯзи 29-уми июл дар нишасти матбуотӣ таъйид кард, аммо нагуфт ин биноҳо кай тахриб мешаванд.

Дар пайи аз нав сохтани бинои ҳукумати Тоҷикистон як қисмати чойхонаи “Роҳат” тахриб шуда буд, аммо қисмати асосии он ҳанӯз боқӣ мондааст.

Ба иддаои Мирзозода, дар ҷойи ин биноҳо, биноҳои замонавӣ сохта шуда, бренди чойхонаи “Роҳат” ва Театри ба номи Лоҳутӣ нигоҳ дошта мешавад.

Пештар аз ин низ дар нишасти матбуотии моҳи феврал Мирзозода аз эҳтимоли тахриби чойхонаи “Роҳат” гуфта буд, аммо ин мақомдор дар бораи тақдири Театри Лоҳутӣ чизе нагуфта буд.

Ҳафтаи гузашта низ муовини вазири фарҳанг Манучеҳр Шарифзода тахриби бинои Театри Лоҳутиро рад карда, таъкид карда буд, ки ин иттилоъ асоси воқеӣ надорад ва танҳо овоза аст.

Бояд гуфт, баҳси вайрон кардан ё мондани чойхонаи “Роҳат”, ки соли 1958 сохта шудааст, ҳадди ақал ҳафт сол боз идома дорад ва мақомот то ҳол таърихи мушаххаси тахриби онро эълон намекунанд.

Сокинони кишвар мегӯянд, чойхонаи “Роҳат” ҳамчун бинои таърихӣ бояд ҳифз шавад, аммо мақомот иддао мекунанд, ки ин бино ба феҳристи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии кишвар шомил намешавад.

Тахриби осори боқимонда аз замони Тоҷикистони Шӯравӣ тайи даҳ соли ахир суръати бештаре касб карда, мақомот то ҳол чанд бинои қадимии Душанбе, ба мисли биноҳои шаҳрдорӣ, Вазорати кишоварзӣ, Театри ба номи “Маяковский” ва Кохи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардаанд.

Инчунин чанде пеш дар шаҳри Душанбе ёдгории меъмории маъруф ба номи “Танка”-ро ба “Боғи Ғалаба” кӯчониданд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳукумат талош дорад, ки тамоми осор ва нишонаҳои таърихиро дар шаҳри Душанбе аз байн барад ва ба ин тариқ ба наслҳои баъдӣ нишон диҳад, ки бунёдгузори Душанбеи навин Эмомалӣ Раҳмон аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ду шаҳрванди Тоҷикистон барои убури ғайриқонунии марзи Русия маҳкум шуданд

Додгоҳе дар шаҳри Новотроитски вилояти Оренбурги Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои убури ғайриқонунии марзи ин кишвар ба ҳабси хонагӣ маҳкум кардааст.

Қарор: Дарси тарбияи ҷисмонӣ барои коргарон ҷорӣ мешавад

Аз ин пас тамоми корфармоён дар Тоҷикистон вазифадор хоҳанд буд, ки барои кормандони худ ҳар рӯз на камтар аз 20 дақиқа машқҳои баданӣ ташкил намоянд.

Дар пайи ҳамлаи паҳподии Украина ба Маскав чанд тоҷири тоҷик зарар диданд

Дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба вилояти Маскав чанд корхонаи коркарди нафт оташ гирифта, бозори бузурги "Садовод", ки макони кори ҳазорон муҳоҷир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон аст, осеб дидааст.

Шикояти зани маъюб: Хонаамро гирфтанд ва худамро террорист эълон карданд

Холматова Гулчеҳра, зани маъюби 58-сола иддао дорад, ки мақомоти додситонии кишвар ба ноҳақ зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро дар ҷустҷӯ қарор додаанд.