Таҳдиди ихроҷ ба писари узви аршади ҲНИТ дар Олмон

Ба Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Шамсиддини Саид ихроҷ аз Олмон таҳдид мекунад.

Дар ин бора Маҳмудҷони Файзраҳмон, масъули бахши равобити хориҷии Паймони миллии Тоҷикистон дар саҳифаи твиттериаш хабар дода, мегӯяд, ки дар ҳоли ихроҷи ин фарзанди узви аршади ҲНИТ ба Тоҷикистон ӯро сарнавишти Шовализода интизор аст, ки номбурда ду соли пеш аз Утриш ба Тоҷикистон ихроҷ шуд ва дар Тоҷикистон мавриди шиканҷа қарор гирифта, ба 20 соли зиндон маҳкум гардид.

Масъули равобити хориҷии ПМТ дар суҳбат бо Azda tv зимни таъйиди ин хабар гуфт: “Абдуллоҳи Шамсиддин, ки худро ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ ба кишвари Олмон супорида буд, ӯро хатари ихроҷ аз ин кишвар таҳдид мекунад. Ва мутаассифона, он сарнавиште, ки Шовализода аз Австрия ихроҷ шуда буд, тақрибан ҳамон вазъиятро дорем мебинем.“

Ӯ дар идома ҳамчунин афзуд: “Айни ҳол созмонҳои байналмилалӣ ва мудофеони ҳуқуқи башар ҳама якҷо барои манъи ихроҷи ӯ аз олмон ба Тоҷикистон кӯшиш доранд.“

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз созмонҳои байналмлалии ҳуқуқи башар ва ҳомиёни ҳуқуқ, ба монанди Edward Lemon ва дигарон хоҳонии ихроҷ нашудани Абдуллоҳи Шамсиддин шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.