Толибон бидуни ном гирифтан аз Тоҷикистон ба Эмомалӣ Рамҳон ҳушдор додааст, ки агар ба Афғонистон ҳамла кунад, мисли Амрико ва муттаҳидонаш шикаст мехӯрад. Акс: Интернет Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати муваққат ва сухангӯи Толибон дар Афғонистон бо интишори баёнияе дар 20-умин солрӯзи ҳамлаи Амрико ва муттаҳидонаш ба Афғонистон ин ҷангро тӯлонитарин ҷанг […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Толибон бидуни ном гирифтан аз Тоҷикистон ба Эмомалӣ Рамҳон ҳушдор додааст, ки агар ба Афғонистон ҳамла кунад, мисли Амрико ва муттаҳидонаш шикаст мехӯрад.
Акс: Интернет
Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати муваққат ва сухангӯи Толибон дар Афғонистон бо интишори баёнияе дар 20-умин солрӯзи ҳамлаи Амрико ва муттаҳидонаш ба Афғонистон ин ҷангро тӯлонитарин ҷанг дар таърихи ин кишвар хонда, гуфтааст, “бояд барои дигарон ибрат бошад, то ба фикри ҳамла ба Афғонистон набошанд.”
Ҳамзамон сухангӯӣ Вазорати корҳои хориҷаи Русия Мария Захарова гуфтааст: “Маскав аз наздик вазъият дар марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистонро назорат мекунад ва дар сурати лузум қотеона амал хоҳад кард.”
Хабаргузории русии “ТАСС” аз қавли сухангӯи дастгоҳи дипломатии Русия Мария Захарова иттилоъ додааст: “Байни мақомоти Русия ва Тоҷикистон ва бахусус Хадамоти марзбонӣ ва намояндагиҳои дипломатии ду кишвар иртибототи хубе вуҷуд дорад.”
Мария Захарова таъкид кардааст, ки “мо ҳамкории худро дар заминаи тақвияти тавони низомии Тоҷикистон идома медиҳем ва дар ҳолати бад шудани авзоъ дар марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон “Пойгоҳи 201”-и Русия дар ин кишвар ба кумаки марзбонони тоҷик мешитобад”.
Танишҳои лафзии Тоҷикистону Толибон дар ҳоле шиддат мегирад, ки ахиран дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахашон ду паради низомӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд. Ва аз сӯи дигар Толибон ҳам эълон карданд, ки ба хотири таъмини амният ва пешгирӣ аз хатари таҳдидҳои марзӣ шохаҳои “Лашкари Мансурӣ”, ки аз онҳо ҳамчун нерӯҳои вижаи маргталаб ёд мешавад, ба вилоятҳои ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон фиристодаанд.
Мо барои беҳтар кардани таҷрибаи шумо ва фаҳмидани тарзи истифодаи сайт кукиҳоро истифода мебарем. Шумо метавонед розӣ шавед ё рад кунед. Рад кардан метавонад баъзе имкониятҳоро маҳдуд кунад.
Functional
Always active
The technical storage or access is strictly necessary for the legitimate purpose of enabling the use of a specific service explicitly requested by the subscriber or user, or for the sole purpose of carrying out the transmission of a communication over an electronic communications network.
Preferences
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Statistics
The technical storage or access that is used exclusively for statistical purposes.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.
Marketing
The technical storage or access is required to create user profiles to send advertising, or to track the user on a website or across several websites for similar marketing purposes.