Масъалаи таҳқири занони ҳиҷобдор дар Тоҷикистон аз нав доғ шуд

Чандест масъалаи таҳқир шудани занони ҳиҷобдор аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар Тоҷикикистон аз нав доғ шудааст. Масъулони ниҳодҳои давлатӣ дар кишвар ҳаргоҳе ин масъаларо аз нав метезонанд.

Лола Насриддинова, яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо навиштае дар

Навиштаи ин корбари шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор оварда, шарҳнависон ба чанд гурӯҳ тақсим шудаанд.

Аз ҷумла, рӯзноманигор Ҳумайрои Бахтиёр дар вокуниш ба ин навишта гуфтааст, ки “Ман тарафдори озодии мутлақ барои пӯшиши занҳо ҳастам. Ҳич касе ҳақ надорад, то ба зан инро бипӯш ё онро бикаш гӯяд. Танҳо дар давлатҳои заъифу фақиру диктотурӣ ҳукуматҳо дунболи мушаххас кардани дресс-код барои занон ҳастанд. Ҳар кишваре, ки дар ин маврид ба ифрот роҳ дод, шикаст мехӯрад.

Инчунин чандин корбар ва коршиноси дигар манъи пӯшидани ҳиҷобро ба мисли мамнуиияти либоси дунявӣ хушунат номидаанд.

Фотима Ҳусейнова навиштааст, ки баъзе занҳо фикр мекунанд, ки бо руймол ё сатр зан наметавонад, илм биомӯзад. Ӯ мепурсад, ки “рӯймоли худро бигирӣ, оқилтар мешавӣ?”.

Ҳамзамон Марҳабо Зунунова, як корбари дигар дар зери навиштаи Лола Насриддинова гуфтааст, ки “Танҳо чанде пеш дар Эрон, як кишвари мусалмонӣ, мо дидем, ки чӣ гуна занон сатру чодари худро ба таври оммавӣ аз тан кашиданд, мӯяшонро буриданд, худро бараҳна мекарданд – ин ҳамаро ҳамчун эътироз алайҳи таҳмили иҷбории арзишҳои исломӣ қабул карданд! Дар мо вазъият баръакс аст! Манъу маҷбуркунӣ танҳо самараи баръакс ба даст оварда метавонад! Кумитаи занонро зарур аст, ки талош карда, бо истифода аз ақли солим эҳтироми занро ба ҷо оварда, дар сатҳи расмӣ дар ин масъала ба созиш бирасанд!”.

Як корбари дигар бо номи Азимҷон Сайфиддинов дар хитоб ба ҳиҷобпӯшон мегӯяд, ки “дар санади меъёрӣ пӯшидани рӯймол дар Тоҷикистон манъ нашудааст… Онҳое, ки аз шумо кашидани рӯймолро талаб мекунанд, чунин салоҳият надоранд!”.

Аммо чанд корбари дигар аз манъи пӯшидани ҳиҷоб тарафдорӣ карда, доштани ҳиҷобро ақибмондагӣ гуфтаанд. Аз ҷумла, корбаре бо номи Мусаллам Камолова навиштааст, ки “Ҳиҷоб, рӯймол, фаранҷӣ, инҳо як қисми либосанд. Ҳоло шумо барои он мубориза мебаред ва дар гузашта модаркалонҳои мо барои аз байн бурдани фаранҷӣ ва баробарии зан дар ҷомеа ҷон додаанд! Ман хеле афсӯс мехӯрам, ки муборизаи онҳо барои озодии занон бенатиҷа буд, зеро занони мисли шумо ба асри гузашта, ба ҳиҷоб ва зуд ба рӯйпӯшӣ бармегарданд ва аллакай ба озодии сухани мо хотима гузошта шудааст!”.

Инчунин корбаре бо номи Шоира Тоирова навиштааст, ки “Шумо мехоҳед мисли Эрон барои нодуруст пӯшидани рӯймол кушанд. Фикр намекунам, ки як пораи матоъ касеро аз содиқ мондан ба имонаш боздорад”. Ӯ дар идома аз ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо барои нафарони диндор ҷонибдорӣ кардааст.

Ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев дар зери ин пост навиштааст, ки дар Точикистон расман манъи бастани сатр вуҷуд надорад.

Дар мавриди умумии ин вазъият, мутаассифона, ҳатто аз шарҳҳои ин навишта мебинем, ки мо ҳанӯз аз принсипҳои демократия дур ҳастем, дар ҳоле, ки ҳар кас дар амалаш то андозае озод аст, ки ин озодӣ ба дигарон халал нарасонад. Пӯшидани рӯймол ҳам наметавонад мисли пӯшидани дигар либосҳои “дунявӣ” ба касе зарар расонад. Дарвоқеъ, бархе кормандони баъзе сохторҳо аз салоҳияти худ баромада, ҳуқуқи шаҳрвандони моро поймол мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаҳои мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм бо ҳиҷоби занҳову риши мардони диндор муборизаи беамон мебаранд. Борҳо дар расонаҳо хабару гузоришҳо нашр шуда, ки мақомоти қудратии кишвар дар кӯчаҳо “рейд” гузаронда ҳиҷоби занҳоро аз сарашон кашида ва риши мардонро тарошидаанд.

Инчунин, вобаста ба ин созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар Тоҷикистонро барои ин навъи бархӯрдҳояш бо диндорон мавриди интиқоди шадид қарор додаанд. Ва инчунин ҳамасола Тоҷикистон дар шохисҳои озодии динӣ ва мазҳабӣ дар радифи кишварҳои “нигаронкунанда” шомил мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико ва Эрон дар остонаи имзои созишнома 14-бандӣ

Қарор аст Амриок ва Эрон 19-уми июни соли ҷорӣ дар Швейтсария як ёддошти тафоҳуми 14-бандиро имзо кунанд.

Муҳимтарин рӯйдодҳои рӯзҳои аввали Ҷоми ҷаҳонии 2026

Бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 идома доранд ва аллакай чанд натиҷаи ҷолибу ғайричашмдошт сабт шудааст.

ФАВРӢ! Алишер Мирзонаботов ба дарё сарозер шуду ҷон бохт

Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҳамроҳ бо аъзои хонавода ва ронандааш дар ноҳияи Дарвоз ба садама дучор шуда, мошин ба дарё сарозер шудааст.

Олмон гурӯҳе аз муҳоҷирони афғонро ба Афғонистон ихроҷ кард

Мақомоти Олмон гурӯҳе аз шаҳрвандони Афғонистонро, ки барои ҷиноятҳои гуногун маҳкум шуда буданд, ба кишварашон ихроҷ карданд.