Талаби 10,5 соли зиндон ба Далери Имомалӣ ва оғози мурофиаи Пирмуҳаммадзода

Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи дуввум аз додрас ба рӯзноманигор ва блогери шинохтаи тоҷик Далери Имомалӣ 10,5 соли зиндон талаб кардааст.

Далери Имомалӣ

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш хабар медиҳад, ки мурофиаи ин рӯзноманигор рӯзи 12-уми октябр дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, он ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст ва дар мурофиаи оянда Далер сухани охиринашро ироа мекунад.

Ба гуфтаи манбаъ, додситон аз додрас барои ин рӯзноманигор 10,5 соли зиндон талаб кард ва дар мурофиаи оянда баъд аз шунидани сухани охирини Далер додрас барои қабули ҳукм ба хонаи машваратӣ меравад.  

То ҳол маълум нест, Далери Имомалӣ ба талаби додситон чӣ вокуниш кардааст. Пайвандонаш низ бо расонаҳо суҳбат намекунанд.

Гуфта мешавад, нахустин баррасии додгоҳии ин рӯзноманигор рӯзи 7-уми октябр баргузор шуда буд. Парвандаи Далери Имомалӣ аз сӯи Даврон Назарзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ мешавад.

Мақомот блогер ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Далери Имомалиро рӯзи 15-уми июн боздошт ва баъдан ӯро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ (Гурӯҳи-24) муттаҳам кард. Худи Далер дар бозпурсиҳо иттиҳоми соҳибкории ғайриқонуниро қабул карда, вале ҳамкориро бо созмонҳои мамнуъ напазируфтааст. Ҳамзамон Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҳама гуна ҳамкорӣ бо Далери Имомалиро рад карда буд.

Дар ҳамин ҳол имрӯз, 13-уми октябр мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори дигари боздоштшуда, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе бе ҳузри пайвандон шуруъ шуд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Яке аз наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “Вакили мудофеъ дар бораи оғози мурофиа моро огоҳ карда буд. Шиносномаҳоро гирифта омадем, вале иҷозат надоданд, ки ба дарун дароем”.

Ёдовар мешавем, ки мақомот дар рӯзи иди Қурбон, 9-уми июли соли ҷорӣ рӯзноманигор ва блогери шинохта Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро боздошт карда, баъдан ӯро ба ифротгароӣ муттаҳам кард. Ба ӯ аз 3 то 5 сол зиндон таҳдид мекунад. Наздиконаш мегӯянд, ӯ зери фишори муфаттишон ба гуноҳ иқрор карда, аммо дар асл худро бегуноҳ мешуморад.

Боздошти Далери Имомалӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар пайи боздошту фишор болои рӯзноманигорон сурат гирифта буд. Созмонҳои ҳуқуқи башар раҳои рӯзноманигорони зиндониро талаб карда буданд, аммо мақомот мисли ҳамеша ба ин талаби созмонҳо эътибор надоданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.

Украина мегӯяд: 20 ҳазор шаҳрванди Осиёи Марказӣ барои Русия меҷанганд

Украина беш аз 20 ҳазор ҷангҷӯи ҷалбшуда ба артиши Русия аз кишварҳои Осиёи Марказиро сабт кардааст. Мақомоти Осиёи Марказӣ бошанд, мавқеи ягона надоранд.

Клинтон ояте аз Қуръон хонду шоҳ Чарлз меҳмонашро бо ҳадис пешвоз гирифт

Билл Клинтон, собиқ раисҷумҳури Амрико бо ишора ба Қуръон таҳқири мусулмононро маҳкум кард ва шоҳ Чарлзи III дар қабули султони Умон ҳадиси Паёмбар (с)-ро ба арабӣ хонд.

Оё синни нафақа дар Тоҷикистон тағйир меёбад?

Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар оянда масъалаи боло бурдани синни нафақаро баррасӣ кунад.