31.9 C
Dushanbe

Талаби раҳоии Холиқназаров аз зиндон

Аз боздошту бегуноҳ равонаи зиндон шудани Манучеҳр Холиқназаров, вакили дифоъ ва раиси Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир ду сол гузашт.

28-уми майи соли ҷорӣ, панҷ созмони ҳомии ҳуқуқи башар бо нашри изҳороте аз вазъи саломатии Манучеҳр Холиқназаров изҳори ташвиш намуда, аз мақомоти Тоҷикистон озодии бе қайду шарти ӯро талаб кардаанд.

Дар ин изҳорот аз номи Бриҷит Дафур, мудири Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Башар гуфта шудааст, ки Манучеҳрро танҳо ба хотири талошҳои хастагинопазираш барои ёрӣ ба ҷабрдидагони нақзи ҳуқуқи башар дастгиру зиндонӣ карданд.

Хонум Дафур инчунин таъқид кардааст, то замоне ки ин вакили дифоъ раҳо шуда, ба хона, ба назди пайвандонаш барнагардад, аз мубориза ба зидди ҳукми ноодилонаи ӯ даст нахоҳанд кашид.

Гуфта мешавад, ин изҳрот аз номи Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Башар (IPHR), Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, Бунёди Ҳелсинкии ҳуқуқи инсон (HFHR, Лаҳистон) ва Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа (OMCT) нашр шудааст.

Манучеҳр Холиқназаров то замони боздошташ раиси Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир, яке аз камшумортарин созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд, ки аз ҳуқуқи сокинон ҳимоят мекард.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 25-28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ пас аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков эътирозҳои оммавӣ сар зад. Пас аз ин “Комиссияи 44”, ки аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои қудратии маҳаллӣ иборат буд, барои таҳқиқи ҳодисаҳо ташкил шуд ва Манучеҳр Холиқназаров шомили он гашта буд.

Аммо дар моҳи майи соли 2022 мақомоти Тоҷикистон эътирози осоиштаи сокининони Бадахшонро дар Хоруғу Рӯшон саркӯб карда, даҳҳо нафарро ба қатл расонданд ва даҳҳо нафари дигарро бо иттиҳомҳои сохта равонаи зиндон карданд. Аз ҷумла, аксар аъзои “Комиссияи 44” бо шумули Манучеҳр Холиқназаров боздошту равонаи зиндон гардиданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9-уми декабри соли 2022 ин вакили дифоъро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ паси дарҳои баста ба 16 сол зиндонм низомаш сахт маҳкум кард.

Гуфта мешавад, вазъи саломатии Холиқназаров дар зиндон бад буда, ӯ аз дарди пушт ранҷ мекашад.

Панҷ созмони ҳуқуқи башар аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки кафолат бидиҳанд то ин зиндонии сиёсӣ ба ёрии тиббии муносиб дастрасӣ дошта бошад ва то даме ки паси панҷара аст, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ муолиҷа шавад.

Ба ҷуз аз созмонҳои ғайридавлатии ҳуқуқи башар, гузоришгари вежаи Созмони Милал дар умури ҳомиёни ҳуқуқи башар ва дигар коршиносони байналмилалии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон озодии Манучеҳр Холиқназаровро талаб карда буданд, аммо мақомоти Тоҷикистон ин талаби созмонҳоро нодида гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Душанбе зане, ки манзили иҷораро ба нашъахона табдил дода буд, дастгир шуд

Шуъбаи дуюми Вазорати корҳои дохилӣ (ШВКД-2) дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз ошкор шудани як макони махсуси нашъамандон хабар дод.

Дар Русия мехоҳанд шумори имтиҳони такрорӣ барои муҳоҷирон маҳдуд шавад

Вакилони Думаи давлатии Русия масъалаи кам кардани шумори такроран супоридани имтиҳони забони русиро барои муҳоҷирон баррасӣ карданд.

Оё Тоҷикистон ба хатти форсӣ бармегардад?

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми май дар ҷаласаи Ҳукумат ба масъулони соҳаи маориф супориш додааст, ки сифати таълими "алифбои ниёгон"-ро дар муассисаҳои таълимии кишвар беҳтар кунанд.

Семент дар бозорҳо камёб шудаст. Нархи хонаҳо ҳам гарон мешавад?

Чандест дар бозорҳои кишвар муҳимтарин маводи сохтмонӣ - семент камёб шуда, нархи он ҳам назар ба моҳҳои пеш хеле гарон шудааст.