Вазири иқтисод ва дороии ҷумҳурии исломӣ дар мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Эрон хостори рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии байни ду кишварро то сатҳи 500 миллион евроро хостор шудааст.
Акс: Интернет14-уми ноябр Сафири Тоҷикистон дар Эрон ҷаноби Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири умури иқтисод ва дороии ин кишвар ҷаноби Эҳсон Хонзода мулоқот карда, ҷонибҳо бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ таъкид кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, “дар мулоқот роҷеъ ба пайгирӣ ва татбиқи тавофуқоти зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (16- 18 сентябри соли 2021) ҳосилшуда, аз ҷумла таҳияи “Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон то соли 2030″ табодули назар сурат гирифт.”