19.9 C
Dushanbe

Талабот ба қувваи кории хориҷӣ дар пасманзари норасоии кадрҳо дар Русия

Давоми чор соли охир талаботи корфармоёни Русия барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба кор ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Бино ба иттилои таҳлилгарони “DBS Group”, то моҳи марти соли 2026 саҳми ширкатҳое, ки омодаанд шаҳрвандони хориҷиро ба кор ҷалб кунанд ба зиёда аз 40% расидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли 2022 ин нишондиҳанда тақрибан 5%-ро ташкил медод.

Коршиносон ин тамоюлро бо норасоии шадиди қувваи корӣ дар бозори кори Русия рабт медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, норасоии қувваи корӣ ҳам бахши мутахассисони баландихтисос ва ҳам кормандони оддиро фаро гирифтааст. Ва ҳоло дар баъзе ширкатҳои Русия, ҳатто дар вазифаҳое, ки ихтисоси махсусро талаб намекунад, коргар намерасад.

Аз ҷумла, бештари ин мушкил дар соҳаҳои расонидани фармоиш (курерӣ) ва хидматрасонии таксӣ эҳсос мешавад, ки дар он ҷо корфармоён бештар ба ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ рӯ меоранд. Тибқи оморҳои расмӣ маоши миёнаи курерҳо дар Русия тақрибан 70–80 ҳазор рубл ва таксиронҳо 50 то 60 ҳазор рублро дар як моҳ ташкил медиҳад.

Чанде пеш раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин аз норасои кадр дар соҳаи сохтмон хабар дода, гуфта буд, ки ҳалли камбуди нерӯи корӣ дар соҳаи сохтмон бояд пеш аз ҳама тавассути баланд бардоштани самаранокии меҳнат ва престижи касбҳо, инчунин тариқи омодасозии мутахассисони дохилӣ амалӣ гардад, на ин ки ба ҷалби васеи муҳоҷирон такя карда шавад. Ба иддаои ӯ, ҳиссаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар соҳаи сохтмон кор мекунанд, тақрибан 13–15 дарсадро ташкил медиҳад, ки ба ин омор коршиносон ба шубҳа менигаранд.

Дар соҳаи сохтмон коргарони беихтисос ба ҳисоби миёни аз 60 ҳазор рубл ва мутахассисон ва техникҳо зиёда аз 80 ҳазор рубл маош мегирифтаанд.

Дар ҳоле талабот ба қувваи кории хориҷӣ дар Русия миёни ширкатҳо зиёд шудааст, ки мақомоти ин кишвар давоми чанд соли ахир бо қабули қонунҳои нав шароити муҳоҷиронро сахттар кардаанд. Ҳоло дар баъзе минтақаҳои ин кишвар кори муҳоҷирон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, кор дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва шаҳрӣ (таксиронӣ), савдои яклухт ва чакана, бахусус савдои автомобилу мотосиклҳо ва таъмири онҳо, фаъолияти хаткашонӣ ва ғайра манъ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Буҷети Вазорати маориф афзоиш ёфт. Вале дар мактабҳо пули таъмирро аз хонандагон мегиранд

Буҷети давлатӣ барои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 14 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 24% бештар аст.

Исроил муҷозоти эъдомро барои фаластиниён қабул кард

Парлумони Исроил рӯзи душанбе, 30-юми апрели соли ҷорӣ қонуни муҷозоти эъдомро барои асирони фаластинӣ тасвиб кард.

Муҳоҷиронро дар Русия бо кадрҳои дохилӣ иваз кардан мехоҳанд

Дар Русия ҳиссаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар соҳаи сохтмон кор мекунанд, тақрибан 13–15 дарсадро ташкил медиҳад ва ин соҳа бо норасоии кадрҳо рӯ ба рӯст.

Трамп: Агар ба созиш нарасем, ҳама зерсохторҳои барқии Эронро нобуд мекунем!

Трамп бо нашри паёме бори дигар таҳдид кард, ки агар ба зудӣ бо Эрон ба созиш нарасад, тамоми зерсохторҳои энержӣ ва чоҳҳои нефти ин кишварро нобуд месозад.