Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо таъсиси гурӯҳи кории махсус талош дорад бо Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар мавриди таҳримҳои ҷоришуда бар зидди бонкҳои Тоҷикистон гуфтушунид кунад.
Гуфта мешавад, гурӯҳи кории Бонки миллии Тоҷикистон бо сохторҳои дахлдори Иттиҳоди Аврупо дар тамосҳои доимӣ қарор дошта, талош доранд таҳримҳои соли 2025-ро нисбат ба се бонки тиҷоратии кишвар – ҶСК “Коммерсбонк Тоҷикистон”, ҶСП “Спитамен Бонк” ва ҶСП “Душанбе Сити Бонк” – бардорад.
Ин таҳримҳо дар ҳоле алайҳи бонкҳои Тоҷикистон ҷорӣ шуданд, ки ИА 23-юми октябри соли 2025 19-умин бастаи таҳримҳояшро алайҳи Русия ҷорӣ кард.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 11-уми феврали соли равон изҳор дошт, ки: “Аз ҷониби Аврупо як шахси масъул вобаста ба ин масъала муайян шудааст ва мо бо ӯ пайваста кор мебарем. Ҳамзамон, бонкҳои зери таҳрим низ дар ин самт фаъоланд, низоми назорати дохилиро пурзӯр мекунанд ва камбудиҳои қаблан зикршударо бартараф менамоянд”.
Тибқи иттилои расмӣ, таҳримҳо ба низоми бонкии Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ нарасондаанд. Наврӯз Валиев, роҳбари намояндагии БМТ дар вилояти Суғд, 6-уми феврал таъкид карда буд, ки ин маҳдудиятҳо “ҳамчун тавсия барои пешгирӣ аз вайрон кардани уҳдадориҳо бо шарикони аврупоӣ” дида мешаванд ва ба фаъолияти умумии бонкҳо ва ҳамкориҳои асосӣ бо Русия таъсири назаррас надоранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони БМТ, гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Русия дар соли 2025 24,8% афзоиш ёфта, ба 2,47 млрд доллар расидааст.
Иттиҳоди Аврупо бо ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи бонкҳои Тоҷикистон ҳама гуна муомилот бо ин бонкҳоро барои шахсҳо ва ширкатҳои аврупоӣ мамнуъ эълон кард. Мақомоти ИА ин се бонки Тоҷикистонро дар кумак ба канорзадани таҳримҳои зидди Русия муттаҳам кардаанд.
Аммо БМТ таъкид мекунад, ки кор дар самти ислоҳи камбудиҳо ва тағйири санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ идома дорад. Ин талошҳо ҳадаф доранд, ки хавфҳои эҳтимолиро кам кунанд ва робитаҳои байналмилалии низоми бонкиро ҳифз намоянд. Вале то ҳол ҳеҷ гуна қарори расмӣ дар бораи бардоштани таҳримҳо нашр нашудааст, аммо масъулони БМТ умед доранд, ки бо роҳҳои гуфтушунид битавонад ин таҳримҳоро бекор кунанд.
