13.9 C
Dushanbe

Таниш байни Ҳиндустону Покистон баъд аз ҳамла дар Кашмир

Як рӯз пас аз кушта шудани 26 сайёҳ дар як ҳамлаи маргбори террористӣ дар Кашмири таҳти идораи Ҳиндустон, Деҳлӣ эълом кард, ки равобиташ бо Исломободро коҳиш медиҳад.

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Викрам Мисрӣ рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт, Деҳлӣ Паймони обҳои Ҳиндро бо Покистон мутаваққиф кардааст. Ҳамчунин раводид барои шаҳрвандони Покистон лағв шуда ва онҳое, ки дар кишвари Ҳиндустон ба сар мебаранд, 48 соат вақт доранд, ки қаламрави ин кишварро тарк кунанд.

Вай гуфт, шумори кормандони сафорати Ҳиндустонро дар Исломобод кам хоҳад кард ва аз мушовирони низомии Покистон дар сафорати ин кишвар дар Деҳлӣ дархост шудааст, ки хоки Ҳиндустонро тарк кунанд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳо иттилоъ медиҳанд, ки кишвари Покистон ҳам марзҳои худро бо Ҳиндустон баст ва парвозҳояш ба ин кишварро низ мутаваққиф кардааст. Ин кишвар мегӯяд, мутаваққиф сохтани Паймони тақсими обҳо байни ду кишвар ба маънои “эълони ҷанг” аст.

Ёдовар мешавем ки баъд аз зуҳри 22-юми апрел афроди мусаллаҳе дар минтақаи осоишгоҳи Пахалгам дар Кашмири таҳти идораи Ҳиндустон 26 сайёҳро куштанд. Манобеи расмӣ мегӯянд, бар иловаи кушташудаҳо дар ин ҳамла, теъдоде аз қурбониён захмҳои вазнин бардоштаанд ва вазъи салмаотияшон вахим арзёбӣ мешавад.

Пулиси Ҳиндустон эълон кард, ки се гумонбари ин ҳамларо боздошт кардааст, ки ду нафари онҳо шаҳрвнадони Покистон ҳастанд ва нафари сеюм аз сокинони маҳаллӣ гуфта мешавад. Ҳиндустон масъулияти ин ҳамларо ба дӯши кишвари Покистон гузоштааст.

Аммо гурӯҳи “Ҷабҳаи муқовимат”, ки як шохаи “Лашкари тайба” маҳсуб мешавад, масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст.

Ин бадтарин ҳамла ба мардуми осоишта дар Ҳиндустон пас аз ҳамлаҳои Мумбай дар соли 2008 аз ҷониби ҷангҷӯёни пуштибони Покистон гуфта мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вакилони рус мехоҳанд муҳоҷирони бештареро ихроҷ кунанд

Рӯйхати моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷиронро пешбинӣ мекунад, метавонад қариб ду баробар зиёд шавад.

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Лондон муттаҳам ба озори ҷинсӣ шуд

Додгоҳе дар шаҳри Лондони Британия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои озори ҷинсии духтари 13-сола гунаҳкор донист.

Тоҷикистон дар як ҳафта 19 тонна гӯшти мурғ аз Русия ворид кардааст

Тоҷикистон дар давоми 5 рӯз 19 тонна гӯшти мурғ аз Русия вориди бозори худ кардааст.

Вазири Толибон донишҷӯи узбекро барои кӯлоҳи суннатияш зад

Як донишҷӯи узбектабори Афғонистон иддао карда, ки ӯро вазири таҳсилоти олии ҳукумати Толибон ба хотири доштани тоқӣ ба рӯяш шаппотӣ задааст.