26.9 C
Dushanbe

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, дар амалиёти мақомоти амниятӣ дар Екатеринбург беш аз 50 муҳоҷири озарбойҷонӣ бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ҷиноятӣ боздошт шуданд. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки ду нафар аз боздоштшудагон — бародарон Зиёуддин ва Ҳусейн Сафаровҳо — дар натиҷаи фишори равонӣ ва бемории дил дар ҳабс ҷон бохтанд.

Ҳодиса мавҷи интиқод ва нигаронии шадидро дар Боку ба бор овард. Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон изҳор дошт, ки боздоштҳо ва муносибати мақомоти рус “ғариқобилиқабул ва бар хилофи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ” мебошанд. Баъд аз ин, Боку чорабиниҳои фарҳангии Русияро дар қаламрави худ мутаваққиф кард ва сафири Русияро ба Вазорати хориҷа даъват намуд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Озарбойҷон низ ба идораи хабаргузории “Спутник Озарбойҷон” ҳамла бурда, Игор Картавих мудири шуъбаи ин расона ва сардабири он Евгений Белоусовро бо иттиҳоми фаъолияти ғайриқонунӣ боздошт карданд. Ин иқдомро Маскав “якҷониба ва хатарнок барои озодии баён” арзёбӣ намуд. Кремл аз вокунишҳои Боку изҳори таассуф кард ва таъкид намуд, ки амалиётҳо дар Екатеринбург бар асоси далелҳои ҷиноятӣ сурат гирифта, ба миллат ё сиёсати қавмӣ рабт надорад. Бо вуҷуди ин, Комиссари ҳуқуқи башари Русия Татяна Москалкова ваъда дод, ки қазияро таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.

Дар идомаи ин танишҳо, мақомоти Русия ҳамчунин Шаҳин Шихлинский, раиси диаспораи озарбойҷониён дар Русияро бераҳмона латтукӯб ва боздошт намуданд. Вай ба “қаллобии молиявӣ” муттаҳам дониста мешавад, вале пайравони ӯ ин иттиҳомро ангезаи сиёсӣ ва фишори мақсаднок арзёбӣ мекунанд.

Боздошти Шихлинский, ки яке аз шахсиятҳои шинохта дар ҷомеаи муҳоҷирони озарбойҷонӣ ба шумор меравад, танишҳоро боз ҳам бештар доман зад. Вазъият ба марҳилаи таниши ҷиддии байнидавлатӣ расидааст ва ҳарду ҷониб даъват ба таҳаммул ва эҳёи равобити дипломатиро муҳим мешуморанд. Русия аз Озарбойҷон даъват кард, ки “шарикӣ ва ҳамкории стратегӣ”-ро эҳё намояд.

Бояд гуфт, ки бо вуҷуди афзоиши ҳолатҳои боздошт, шиканҷа ва муносибати таҳқиромез бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия, мақомоти Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳое чун Озарбойҷон вокуниши ҷиддие нишон намедиҳанд.

Ҳамасола ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон ба хотири дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд, аммо бархе аз онҳо бо таъқибу боздошт, ихроҷ ва ҳатто марги шубҳанок рӯ ба рӯ мешаванд. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар аксари ҳолатҳо хомӯш мемонад ва ё бо изҳороти умумӣ ва мулоим иктифо мекунад. Дар муқоиса, мақомоти Озарбойҷон дар пайи боздошти муҳоҷирони худ дар Екатеринбург вокуниши сахт нишон доданд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки набуди вокуниши қотеъона аз ҷониби Душанбе боиси коҳиши эҳтиром ба ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик дар хориҷ мегардад ва онҳоро дар баробари хушунати эҳтимолӣ бе дифоъ мегузорад. Муҳоҷирон ва ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик борҳо даъват кардаанд, ки мақомот бояд дар ҳимояи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар фаъолтар ва ҷиддитар бошанд, зеро муҳоҷирон танҳо нерӯи иқтисодӣ нестанд, балки шаъни миллатанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.

Гуфтугӯи телефонии Муҳриддин ва Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эрониаш суҳбати телефонӣ анҷом дод.