11.9 C
Dushanbe

Тарҳи Тромп кишварҳои минтақаро бо ҳам муттаҳид мекунад

Ишғоли Ғазза бо номи дигар

Изҳороти ахири Доналд Тромп, раисҷумҳури ҷадиди Иёлоти Муттаҳида дар робита ба ишғоли Навори Ғазза тавассути артиши ин кишвар ба вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шудааст. Ин изҳороти Трамп на танҳо дар дохили Амрико ва Фаластин, балки тамоми минтақа ва ҷаҳонро нигарон кардааст.

Ин изҳорот, ки ба гуфтаи фаластиниҳо дар ростои манофеи шаҳракнишинони ифротии Исроил сурат гирифтааст, раҳбарони аҳзоби ифротии Исроилро сахт ба ваҷд оварда, ба хотири кӯчи иҷбории сокинони Навори Ғазза ташвиқ мекунад. Вазири ҷанги Исроил ҳам ба хотири фароҳам овардани замина ба артиши кишвараш дастур додааст, ки барномаи хуруҷи ихтиёрии фаластиниҳо аз Навори Ғаззаро таҳия кунанд.

ВОКУНИШҲО

Мақомоти исроилӣ аз ин тарҳи пешниҳод шуда, қариб ҳама табли шодӣ мезананд ва Тромпро беҳтарин дӯсти Телавив дар Кохи Сафед унвон карда, мегӯянд, ки ин тарҳ тибқи хостаҳои исроилиҳо ва яке ҳадафҳои ҷанге, ки беш аз 15-моҳ дар Навори Ғазза идома кард, мебошад. Аз сӯи дигар, мақомоти фаластинӣ, Ҳамосу Ҷиҳоди исломӣ, балки Фатҳ бо раҳбарии Маҳмуд Аббос ҳам ин изҳороти Тромпро маҳкум карда, таъкид кардаанд, ки агар фарз бар ин бошад, ки аз Навори Ғазза ё Каронаи Бохтарии рӯди Урдун ба ҷое бираванд, он ҷо сарзаминҳои ишғолшудаи худи фаластиниҳо тавассути шаҳракнишинони исроилӣ мебошад.

Инчунин давоми ду рӯзи ахир кишварҳои абарқудрати дигаре ба мисли Русияву Чин, Олмону Канада ва ҳатто Мисру Урдун ҳам эълон карданд, ки ҳар гуна тарҳи овора кардани фаластиниҳо ва ё маскун кардани онҳо дар кишварҳои дигарро қабул надоранд. Зеро ин иқдом мухолифи қонунҳои байналмилалӣ мебошад.

НИГАРОНӢ

Аз як сӯ ин тарҳи ҷадиди раисҷумҳури Амрико, ки дар изҳороти худ такрор ба такрор таъкид кардааст, ки мехоҳад, Навори Ғаззаи Фаластинро ишғол кунад, на танҳо фаластиниҳо ва ҳатто хеле аз шаҳракнишони исроилиро ҳам сахт нигарон кардааст.

Нигаронии фаластиниҳо ба ин хотир аст, ки агар ин тарҳ иҷро шавад, сарзаминашонро аз даст медиҳанд, аммо нигаронии шаҳракнишинони исроилӣ ба хотири он аст, ки агар ин тарҳи ишғол сурат бигирад, фаластиниҳо хомӯш намешинанд, балки ин дафъа ҳама гурӯҳҳои онҳо якҷо шуда, муқовимат мекунанд. Инчунин мардумони зиёде аз кишварҳои минтақа ба кумаки онҳо хоҳанд омад ва оташи ҷангҳои бештар аз нав шуълавар хоҳад шуд.

АМРИКО ПУЛ НАМЕДИҲАД

Аммо аз сӯи дигар, вақте ҳам Кохи Сафед эълон кард, ки Амрико намехоҳад дар бозсозии Навори Ғазза, ки ба гуфтаи нерӯҳои муқовимати фаластинӣ, тӯли беш аз 1 сол ҷанг тавассути артиши Исроил ва аслиҳаи Амрикову Олмон, Фаронсаву Бритониё ва дигар кишварҳои ғарбӣ вайрону валангор шудааст, ҳеч пуле харҷ кунад, бар ин нигарониҳо афзудааст.

Кохи Сафед гуфтааст, бозсозии Навори Ғазза тавассути муттаҳидони минтақавии Амрико сурат хоҳад гирифт. Амрико ба забони сода ва фаҳмо ба кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки хеле пулдор ҳастанд, хитоб карда, ки Навори Ғаззаро аз нав бисозанд, обод кунанд ва сипас тибқи хостаҳои Доналд Тромп онро ба як шаҳри соҳилии тафреҳӣ табдил дода, идораи умури онро дар ихтиёри Амрико қарор диҳанд, то ҳар касеро бихоҳад, ба ҷуз фаластиниҳо дар он ҷо маскун кунад.

ЭЪЛОНИ ҶАНГ

Ба гуфтаи бархе коршиносони минтақа, ин тарҳи пешниҳодшуда, на танҳо эълони ҷанг бо фаласитиниҳо дар Навори Ғазза аст, балки ин як эълони ҷанги умум дар минтақа арзёбӣ шудааст, ки манофеи ҳама кишварҳоро ба хатар мувоҷеҳ мекунад. Кишварҳои ҳамсояи Фаластин, ба мисли Мисру Урдун ҳар чанд кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта ҳам набошад, дар дарозмуддат табдил додани Навори Ғазза тавре Тромп мегӯяд, агар ба як шаҳри соҳилии тафреҳӣ табдил шавад, манофеи онҳоро зери суол қарор хоҳад дод. Арабистони Саудӣ ва ҳатто Имороти Муттаҳидаи Арабиро, ки тарҳҳои баландпарвозонаи бузурги иқтисодӣ ва тафриҳие дар соҳилҳои баҳрии худ доранд, низ ин пешниҳоди Тромп сахт нороҳат кардааст.

ФИРЕБИ ТРОМП

Мусалмонон ва бахусус, арабҳои муқими Амрико, ки дар интихоботи ахир ин кишвар ба нафъи Тромп раъй дода буданд, мегӯянд, мо ба хотири ваъдаҳои таъмини сулҳу субот дар минтақа ба вай овоз дода будем, на ба хотири ишғоли Навори Ғазза ва аз нав шӯълавар кардани оташи ҷангу хусуматҳои ҷадид.

Инчунин хеле аз фаъолони амрикоии мухолифи ҷанг дар Навори Ғазза, ки ба Тропм раъй дода буданд, худро фиребхӯрада медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, чун ҳукумати Байден барои мутаваққиф кардани ҷангу хунрезӣ дар тӯли беш аз 15 моҳ коре накарда буд, ба ваъдаҳои Тромп дар бораи поён додан ба ҷангҳо бовар карда, ба вай раъй дода буданд. Аммо ҳоло мебинанд, ки вай на танҳо мехоҳад, Навори Ғаззаро ишғол кунад, балки Канада, Канали Панама ва Гринландро мехоҳад ба тасарруфи худ дароварад.

МАВҚЕИ СОЗМОНҲОИ ҶАҲОНӢ

Созмони Милали Муттаҳид борҳо тавсеаталабии давалти Исроил дар ҳудуди заминҳои ишғолшудаи Фаластин, Урдун, Лубнон ва Сурияро маҳкум кардааст. Дабири кулли ин созмон тайи 15 моҳи ҷанг дар Навори Ғазза низ борҳо ҳимояти худ аз таъсиси давлати Фаластинро эълон карда буд.

Инчунин Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, ки 56 кишвари мусалмониро бо ҳам муттаҳид мекунад, қариб ҳамаи кишварҳои узви ин созмон дар нишастҳои қаблии худ борҳо эълон кардаанд, ки бояд кишвари Фаластин дар ҳудуди соли 1967 таъсис дода шавад. Иттиҳодияи Аврупо ҳам ҳимоятии худ аз таъсиси кишвари Фаластинро эълон кардааст.

ЭҲСОСИ ХАТАР

Арасбитони Саудӣ, ки аз муттаҳидони асосии Амрико дар минтақа ҳаст, нахустин шуда, ба ин тарҳ вокуниш карда. Ин кишвар мегӯяд, ки мавқеи Риёз дар робита ба таъсиси давлати Фаластин тазалзулнопазир аст. Риёз ба ҳар гуна иқдоме, ки фастиниҳоро аз нав дар кишварҳои минтақа овора кунад, мухолиф аст.

Вокуниши Арабистони Саудӣ, ки хеле сареъ анҷом шуд, на ба хотири дилсӯзии ин кишвар барои фаластиниҳо дар Навори Ғазза ва ё Каронаи Бохтарӣ арзёбӣ мешавад, балки ба эҳтимоли зиёд, ин вокуниш ба хотири таҳти таъсир қарор додани тарҳи баландпарвозонаи ин кишвар зери унвони Нюм дар соҳили баҳр аст.

АТРОФИ ЭРОН ҶАМЪ МЕШАВАНД

Кишварҳои ҳамсояи Фаластин дар тӯли ин ҷаги беш аз 1-сола, ҳеч иқдоми амалие, ки манофеи Исроилу Амрико ва дигар ҳомиёни ин ҷанг ба хатар мувоҷеҳ кунанд, анҷом надоданд. Ба ҳамин хотир ба хашми хеле аз мардумон рӯбарӯ шуданд. Аммо акнун, ки манофеи геосиёсии худи ҳокимони ин кишварҳо ба хатар муҷоҷеҳ шудааст, эҳсоси хатар мекунанд. Ин эҳсоси хатар, тавсеаталабии Исроил ва чашм ало кардани он ба бахше аз сарзаминҳои Мисру Урдун, Лубнону Сурия ва Арабистони Саудӣ ва ҳатто Туркия мебошад.

Вақте манофеи ин ҳама кишварҳо ба хатар рӯбарӯ мешавад, ҳокимони онҳо ба хотири миллатҳо ҳам набошад, ба хотири бақои худашон дар раъси қудрат ва курсиҳо маҷбур мешаванд, дар ҳолати дифоӣ қарор бигиранд. Он замон чун худашон ба сурати ошкоро ҷуръати муқобила бо артиш ва пойгоҳҳои Амрико дар минтақаро надоранд, дар атрофи Эрон ва нерӯҳои муқовимати он ҷамъ хоҳанд шуд. Ё нерӯҳои дигареро таъсис дода, ба майдон хоҳанд овард, то ҳамроҳ бо фаластиниҳо дар Навори Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ то охир муқовимат кунанд. Ин эҳтимол ҳам дур нест, ки чанд муллову муфтие бо фармонҳои ҳокимони минтақа ва бо фатвоҳои ҷадиди худ ҷавонони зиёдеро аз дигар кишварҳо низ ба майдонҳои набард даъват карда, то фурӯкаш шудани хостаҳои Тромп барои ишғоли Навори Ғазза ва ёронаш ҷангҳо идома ёбанд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda.tv

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW: ИА бояд бо кишварҳои ОМ ҳуқуқи инсонро дар маркази муколама гузорад

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи ҳуқуқи башарро дар мадди аввал гузорад.

Ҷазои ҷиноӣ барои напардохтани пули барқ

Имрӯз, 27-уми март маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон бо иштироки вазирону раисон ва раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Иди Рамазон дар Тоҷикистон маълум шуд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри қароре рӯзи баргузории Иди Рамазонро дар қаламрави Тоҷикистон эълон кард.

Огоҳии мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия қарор доранд, даъват намуда, ки ҳуҷҷатҳо ва ҳузури худро дар ҳудуди ин кишвар қонунӣ гардонанд.