Парлумони Аврупо аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ки ба хотири дастрасӣ ба иттилооти дасти аввал дар бораи Афғонистон намояндагиҳои диполамти худ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар Тоҷикистонро тавсеъа бахшад.
Акс: ИнтернетТавсеаи намонядагиҳои дипломатии Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус дар Тоҷикистон ба хотири назорат кардан бар ҷараёни равандҳо дар Афғонистон сурат мегирад.
Инчунин Парлумони Аврупо аз Шӯрои Аврупо даъват кардааст, ки барои қишри осебпазири ҷомеъаи Афғонистон кумакҳои фаврӣ фиристода шавад ва ҳамзамон аз Созмонҳои ғайри давлатие, (NGO) ки дар Афғонистон дар заминаи ҳуқуқи башар, баробарии зану мард, ҳуқуқи зану кӯдак ва таҳсилоту ҳифзи саломатӣ машғул ҳастанд, ҳимояти молӣ сурат гирад.