Тавсияи мақомот: Намози Иди Рамазон дар Маскав хонда нашавад

Мақомоти Маскав ба мусалмонон тавсия додаанд, ки намози Иди Рамазонро дар хонаҳояшон бихонанд.

Якчунин тавсия дар номаи иҷрокунандаи вазифаи директори Раёсати сиёсати миллӣ ва робитаҳои байниминтақавии шаҳри Маскав Иван Петров ба мақомоти дахлдор гуфта шудааст.

Дар ин нома сардори раёсат аз роҳбарони ноҳияҳо хостааст, ки бо ташкилотҳое, ки шаҳрвандони хориҷиро ба кор ҷалб мекунанд, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда, кормандоне, ки мусалмонанд ва бахусус муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказиро дар бораи маҳдудиятҳо ва хусусиятҳои кунунии таҷлили Иди Рамазон дар шаҳри Маскав огоҳ созанд.

Солҳои пеш намози Ид дар шаш мавзеъ, аз ҷумла дар чаҳор масҷид (Соборной, Исторической, Мемориальной и «Ярдям») ва дар ду майдони дигар (ПКиО Сокольники ва Маркази варзиши техникии Маскав) ташкил карда мешуд. Ҳанӯз маълум нест, ки намози Ид ин дафъа дар куҷо баргузор мешавад. Аммо Петров дар номааш гуфтааст, ки намози Ид аз масҷидҳо онлайн пахш шавад.

Намояндаи хадамоти матбуоти Раёсати сиёсати миллӣ ва робитаҳои байниминтақавии шаҳри Маскав дар суҳбат бо шабакаи “Осторожно, новости” гуфтааст, ки ин тавсияҳо ба эҳтимоли зиёд ба ҳамлаи террористие, ки дар “Крокус Сити Холл” дар наздикии Маскав рух дод, рабт дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.