Гурӯҳе аз фаъолон дар Олмон бо баргузории тазоҳурот ва дархости озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, хостори қатъи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуданд.
Дар пойтахти Олмон — шаҳри Берлин — гурӯҳи фаъолони ҳуқуқи башар, даст ба тазоҳуроти навбатӣ заданд. Онҳо дар назди сафорати Тоҷикистон ҷамъ омада, шиори “Stop Making Business with Tajikistan!” (Бо Тоҷикистон тиҷорат накунед!)-ро сар доданд. Онҳо аз ҳукумати Олмон талаб карданд, ки ҳамкориҳои иқтисодии худро бо режими Эмомалӣ Раҳмон боздорад.
Тазоҳургарон озодии зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, хусусан Абдуллоҳи Шамсиддин ва Дилмуроди Эргашевро талаб карданд .
Ба гуфтаи созмонҳои ҳуқуқи башар, онҳо қурбонии таъқибҳои сиёсӣ шудаанд, ки баъд аз ихорҷашон аз Олмон ба Тоҷикистон зуд боздошт ва ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум гардиданд.
Ин созмонҳо мегӯянд, “бо сабаби ҳамкории мустақим ва хатарноки мақомоти Олмон бо режими саркӯбгар” Абдуллоҳи Шамсиддин ва Билол Қурбоналиев – ду фаъоли мухолифи тоҷик дар соли 2023 аз Олмон ба Тоҷикистон истирдод шуданд. Онҳо ба муҷарради расидан ба Душанбе боздошт ва дертар бо иттиҳоми сохта, аз ҷумла “кӯшиши сарнагун кардани сохти конститутсионӣ” якумӣ ба 7 ва дуюмӣ ба 10 соли зиндон маҳкум гардиданд.
Дилмуроди Эргашев фаъоли шинохтаи узви ҶИРТ дар моҳи ноябри 2024 пас аз рад шудани дархости паноҳандагиаш аз Олмон ба Тоҷикистон баргардонида шуд. Мақомоти Тоҷикистон ӯро муваққатан барои ду моҳ боздошт карданд. Иттиҳомоти расмӣ то ҳол эълон нашудаанд.
Дар ду соли охир зиёда аз 15 тазоҳурот дар шаҳрҳои гуногуни Олмон, аз ҷумла дар Берлин, Франкфурт, Мюнхен ва дигар ҷойҳо баргузор шуданд. Бо вуҷуди маълум будани хатари боздошт ва шиканҷа дар Тоҷикистон барои муҳоҷирони ихроҷшуда, боз ҳам додгоҳҳои Олмон даст ба ихроҷи паноҳҷӯён мезананд.
Гуфта мешавад, ҳамаи шахсони ихроҷшуда собиқаи дарозмуддати фаъолиятҳои сиёсӣ ва зиддиҳукуматӣ доштанд.
Фаъолон бар ин назаранд, ки ҳамкориҳои иқтисодии Олмон бо Тоҷикистон саркӯбро “ғайримустақим” маблағгузорӣ мекунад.
Иттиҳоди Аврупо ахиран эълон кард, ки дар чаҳорчӯби ташаббуси Global Gateway ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон 12 миллиард евро ҷудо мекунад.
Тоҷикистон дорои манбаъҳои арзишманди табиӣ, аз ҷумла металлҳои нодир мебошад, ки барои саноати аврупоӣ муҳиманд.
Ба гуфтаи фаъолон, “ин сармоягузориҳо бояд бо шартҳои ҳуқуқи башар пайваст шаванд”, на бо хомӯшӣ нисбати саркӯб.
То ҳол нишонаҳои тағйири сиёсати Тоҷикистон дар баробари мухолифон ва боздоштшудагон мушоҳида намешавад. Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар як даҳсолаи охир сиёсати шадиди таъқиби мухолифонро пеш гирифтааст. Гузашта аз ин, Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳои поймолкунандаи озодии баён ва озодии сиёсии созмонҳои байналмилалӣ қарор дорад.
Тазоҳуркунандагон нигарони ҳамкории амиқи иқтисодии Ғарб бо як режимест, ки садҳҳо зиндонии сиёсӣ дорад ва озодии матбуот ва баёнро маҳдуд мекунад.