Тазоҳуроти густарда дар Исроил ва талаби истеъфои Натанёҳу

Шаби гузашта дар Телавив, пойтахти Исроил садҳо ҳазор нафар ба хиёбонҳо баромада, даст ба тазоҳуроти густарда заданд.

Пас аз пайдо шудани ҷасади шаш асири исроилӣ дар Ғазза, мардуми ин кишвар ба хиёбонҳо рехтанд ва сарвазири ин он Бинёмин Натанёҳуро “қотил” хитоб карда, шиор медоданд, ки маҳз ӯ дар қазияи асирон ва раванди сулҳ кӯтоҳӣ мекунад.

Ба иттилои расонаҳо, ба ҷуз Телавив боз дар чандин шаҳрҳои дигари Исроил мардум даст ба тазоҳурот заданд. Гуфта мешавад, ин тазоҳурот ва хашми шаҳрвандони ин кишвар аз ҳукуматаш бесобиқа будааст.

Тазоҳургарон дар шаҳри соҳилии Қайсария бо маъмурони пулис даргир шуда, ба маҳалли сукунати Бинёмин Натанёҳу рафтанд. Онҳо аз давлати Исроил, аз ҷумла сарвазир хостанд, ки барои барқарории оташбас ва бозгардонидани гаравгонҳо ҳарчи сареъ иқдом кунад.

Гуфта мешавад, тазоҳуроти саросарӣ дар Исроил боис шуда, ки аксари хадамоти умумӣ, аз ҷумла ҳаракати мошинҳо ва ҳамлу нақли шаҳрӣ, бонкҳо, мактабу бемористонҳо ва аксари парвозҳо дар фурӯдгоҳҳо таътил шаванд.

Дар ҳамин ҳол шоми 02-уми сентябр Кохи Сафед эълом кард, ки Ҷо Байден, расиҷумҳури Амрико дар пайи хашми мардум ва тазоҳуроти густарда дар Исроил аз Бинёмин Натанёҳу интиқод карда, гуфтааст, ки ӯ “ба андозаи кофӣ” барои расидан ба ин тавофуқнома талош намекунад. Ӯ ҳамчунин таъкид карда, ки “Мо (дар мавриди оташбаси Ғазза) дигар бо Натанёҳу музокира намекунем, балки бо ҳамтоёни худ дар Миср ва Қатар дар ҳоли музокира ҳастем.”

Ба иттилои Кохи Сафед, Байден бо тими Амнияти миллии худ барои таъйини стратегияи пешбурди таҳофуқномаи ниҳоии оташбас ҷаласа баргузор кардааст. Ва ин бор раисҷумҳури Амрико бидуни машварат бо Натанёҳу тавофуқномаи оташбаси Ғаззаро баррасӣ мекунад.  

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз моҳи октябри соли гузашта артиши Исроил Навори Ғаззаро бомборон мекунад. То кунун талошҳое барои ба даст омадани оташбас сурат гирифтааст, аммо дар ҳеч кадом тавофуқи ниҳоӣ ҳосил нашудааст.

Тибқи охирин омори Вазорати беҳдошти Фаластин, дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза то имрӯз 40 ҳазору 819 нафар ҷон бохтанд, аксри онҳоро кӯдакону занон ташкил медиҳанд. Ва ҳамчунин наздики 95 ҳазор нафар дар ин даргириҳо захмӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.

Русия иттиҳомҳо дар бораи афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷикро рад кард

Дар пасманзари сахттар шудани қоидаҳои муҳоҷират дар Русия, сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон иттиҳомҳо дар бораи афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷикро рад кардааст.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми октябр бо ҳадафи иштирок дар нишасте бо сарони кишварҳои ОМ ба Туркманистон сафар кард.

Ҳушдори марзбони тоҷик ба Толибон: “Аз сарҳади Тоҷикистон хориҷ шавед!”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки дар он гуфтугӯи пуртаниши миёни марзбонони Тоҷикистон ва намояндагони Толибон дида мешавад.