Тибқи қонуни нав, киҳо аз хизмати ҳарбӣ озоданд?

Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Парлумон лоиҳаи нави қонуни ҳарбиро муаррифӣ намуда, тибқи он муҳалти хизмат дар артиш мисли солҳои қаблӣ боқи монда нафарони аз хизмат озодшуда муайян шуданд.

Тибқи қонуни нав омӯзгорон, табибон, номзадҳои илм, нафароне, ки дар оила фарзанди ягона ва ё писархонданд, нафароне, ки сарпарастони оила, нафароне, ки тибқи қарори суд аз озоди маҳрум шудаанд, шаҳрвандоне, ки вазъи саломатиашон хуб нест, ҳамчунин ба нафароне, ки нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст то бартараф гардидани парванда аз хизмат озоданд.

Вазири мудофиа дар мавриди кам нагардидани муҳлати ҳарбӣ иброз доштааст, ки дар шароити ҳозира то 18 ё 12 моҳ кам кардани муҳлати хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок аз лиҳози нигоҳ доштани сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ ва омилҳои иқтисодӣ ба мақсад мувофиқ намебошад.

Ба гуфтаи ӯ, “дар кишварҳое, ки муҳлати хизмати ҳарбиашон 12 ё 18 моҳ мебошад, хизмати ҳарбии шартномавӣ ҷорӣ гардида, сатҳи омодабошии ҷангӣ аз ҳисоби ҳамин ҷузъу томҳо, ки зиёда аз 50 фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳанд, нигоҳ дошта мешавад”.

Вазир дар идома иброз доштааст, ки то 18 моҳ кам кардани муҳлати хизмати ҳарбӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои таъминоти ақибгоҳӣ (муҳлатҳои истифодабарии сарулибос ва дигар амволи шайъӣ), хароҷотро то 30 фоиз зиёд менамояд.

Дар лоиҳа ба таври муфассал дар мавриди шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ озод шудаанд, зикр гардидааст:

– шаҳрвандоне, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, дар дигар давлат хизмати ҳарбиро ё ба он баробаркардашударо, инчунин хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд, бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, ба хизмати ҳарбӣ даъват карда намешаванд.

– шаҳрвандоне, ки падар (модар), бародар (хоҳарашон) ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ вафот кардаанд ё маъюби гурӯҳҳои 1 ва 2 гардидаанд, онҳое, ки дар оила писари ё писархонди ягона ҳастанд;

– шахсони дорои унвони номзади илм, доктори фалсафа, доктор аз рӯи ихтисос, доктори илмро соҳиб гардидаанд, аз хизмати ҳарбӣ озод шаванд.

– шаҳрвандоне, ки муваққатан ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, ба нигоҳубини узви оилаи ба кумак эҳтиёҷдошта машғул мебошанд, дар ҳолати набудани шахсони дигар, ки тибқи қонун уҳдадоранд ба нигоҳубин машғул шаванд, ба таъхир андохта мешавад.

– нафароне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд, ба тарбияи кӯдаки аз модар маҳруммондаашон машғул мебошанд ва шахсоне, ки нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, то бартараф гардидани шартҳои зикргардида низ аз хизмат озод мебошанд.

– даъватшавандае, ки модараш ба ғайр аз ӯ боз ду фарзанди ноболиғро танҳо тарбия менамояд, вакилони маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, донишҷӯёне, ки бори аввал дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи дараҷаи бакалавр ё мутахассис таҳсил менамоянд, метавонанд хизмати ҳарбиро ба таъхир андозанд.

-омӯзгороне, ки дорои маълумоти олии омӯзгорӣ буда, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии деҳот ва онҳое, ки таҳсилоти олии тиббӣ дошта, дар муассисаҳои таҳсилӣ ё тиббии деҳот кор мекунанд, шаҳрвандоне, ки ду ва зиёда фарзанд доранд, барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Исроил бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Эрон

Пулис ва Хадамоти амниятии Исроил як шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт кардаанд.

Тоҷикистону Русия мехоҳанд ба ҳуқуқи кории муҳоҷирон расидагӣ кунанд

Тоҷикистон ва Русия қасд доранд ҳамкориҳои худро дар самти ҳифзи ҳуқуқи кории муҳоҷирон ва беҳтар намудани шароити кори онҳо тақвият бахшанд.

Чаро яке аз маҳбубтарин ҳаҷвнигорони Тоҷикистон бе унвони давлатӣ аз дунё рафт?

Ин мақола танҳо дар бораи Бахтиёр Раҳимов нест, дар бораи ҳамаи ҳунармандоне аст, ки солҳои дароз ба фарҳанги тоҷик хидмат кардаанд, аммо танҳо баъд аз маргашон ҷомеа аз хидматҳои онҳо ёд мекунад.

Камбуди сӯзишворӣ дар Русия ва сафҳои тӯлонӣ дар нуқтаҳои фурӯши бензин

Дар чанд рӯзи охир дар бисёре аз минтақаҳои Русия камбуди бензин ва дигар навъҳои сӯзишворӣ мушоҳида шуда, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сафҳои тӯлонии мошинҳо ба вуҷуд омадааст.