Теъдоди сокинони кураи замин аз марзи 8 миллаирд нафар гузашт ва ин афзоиши аҳолӣ бархе кишварҳоро хушҳол ва баъзеи дигарро нигарон кардааст.
Акс: ИнтернетБино ба иттилои сомонаи Countrymeters.info, ки ба шумориши аҳолии ҷаҳон ва масоили вобаста ба демография машғул аст, имрӯз, 15-уми ноябри соли 2022 хабар дод, ки теъдоди сокинони замин аз марзи 8 миллаирд нафар убур кардааст.
Ба қавли манбаъ, дар радабандии 5-гона кишварҳое, ки теъдоди аҳолии онҳо аз ҳама зиёдтар аст, нахуст Чин бо доштани 1,457,957,514 аҳолӣ, ки 18,15% сокинони заминро ташкил медиҳад, қарор дорад. Сипас Ҳиндустон бо 1,423,488,840 дорои 17,72% аҳолӣ, дар мақоми сеюм Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 4,20% аҳолӣ ва ҷои чорум Индонезия 3,51% ва дар охир Покистон ҷойгир аст, ки бо доштани зиёда аз 232,2 миллион нафар 2,89% аҳолии кураи заминро ташкил медиҳад.