Темур Раҳимов аз Анталия бо медали биринҷӣ ба Ватан бармегардад
Темур Раҳимов варзишгари шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи ҷудои “Antalya Grand Slam 2022” дар вазни +100 кг сазовори медали биринҷӣ гашт. Акс: Интернет Темур Раҳимов, ки мусобиқаро аз даври дуюм шуруъ карда буд, дар ин давр бар Григорий Приор аз ИМА ва Магамедумар Магамедумаров аз АМА пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Венгрия Ричард Сипоз […]
Фирӯзи Ҳаит· Рӯзноманигор ва муҷрӣ· Ба дигарон фирист
Темур Раҳимов варзишгари шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи ҷудои “Antalya Grand Slam 2022” дар вазни +100 кг сазовори медали биринҷӣ гашт.
Акс: Интернет
Темур Раҳимов, ки мусобиқаро аз даври дуюм шуруъ карда буд, дар ин давр бар Григорий Приор аз ИМА ва Магамедумар Магамедумаров аз АМА пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Венгрия Ричард Сипоз шикаст хӯрд.
Варзишгари тоҷик дар қувваозмоиҳои баъдӣ, Ушангӣ Кокаури аз Озорбойҷон ва Ҷозеф Терҳеки фаронсавиро шикаст дода, сазовори ҷои сеюм гашт.
Варзишгари дигари тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг бар намояндагони Озарбойҷон (Руфат Исмоилов) ва Чехия (Давид Кламмерт) пирӯз шуда, дар чорякфинал аз Лука Маисурадзеи гурҷистонӣ мағлуб гардид. Комроншоҳ имкон дошт мисли Темур сазовори ҷои сеюм гардад, аммо дар қувваозмоии баъдӣ аз Луис Крибер Гагнон аз Канада шикаст хӯрд.
Мусобиқаи ҷудои “Antalya Grand Slam 2022” аз 1-ум то 3-юми апрел дар шаҳри Анталияи Туркия бо иштироки 525 варзишгар (312 мард, 213 зан) аз 63 давлати дунё баргузор шуд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.