Тоҷикистон заифтар аз соли гузашта ва дар ҷои 108- ум аз лиҳози қудрати низомӣ

Дар соли 2025 Тоҷикистон дар радабандии солонаи Global Firepower (GFP) аз миёни 145 кишвар дар ҷои 108-ум қарор гирифт.

Тибқи гузоришҳо, Тоҷикистон дар “Шохисҳои қудрат” 2.3049 холро ба даст овардааст.

Global Firepower аз 60 омили алоҳида барои муайян кардани холҳои “Шохисҳои қудрат”-и як кишвар истифода мебарад, ки категорияҳо аз қудрати низомӣ ва молиявӣ то қобилияти логистикӣ ва ҷуғрофиёро дар бар мегиранд.

Бо касби 2.3049 хол Тоҷикистон як зина поёнтар аз Эстония (2.2917) ва як зина болотар аз Замбия (2.3411) қарор дорад.

Айни ҳол 145 кишвар барои баррасии дифоии солона тавассути  Global Firepower дар назар гирифта шудаанд. Ҳар як кишвар аз рӯи омилҳои зиёде, ки тавонойиҳои амалиётии дифоӣ ва таҳоҷумиро дар бар мегиранд, арзёбӣ мешаванд.

Мувофиқи рӯйхати GFP, шумораи нерӯҳои фаъоли хатти муқаддам дар Тоҷикистон 9500 нафарро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, буҷаи дифоии Тоҷикистон 446.000.000 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар муқоиса буҷаи дифоии кишварҳои ҳамсояа аз 2 милиард долари ИМА ҳам мегузаранд. 

Бар хилофи дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон аз артиши он замон ҳеч таҷҳизоти низомӣ нагирифтааст.

Таҳлилгарон далелҳои ин камбудиро иқтисоди заиф ва фақир будани кишвар медонанд. Вале мухолифони ҳукумат мегӯянд, ки заиф будани қудрати низомии кишвар ва дигар костиҳо ба ҷо доштани ришваву фасод дар ин сооҳа ва кадрҳои ғайриҳирфаӣ ва инчунин надоштани ҳисси миллии масъулони имрӯзаи кишвар аст.

Ёдовар мешавем, ки Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 22-юми феврали соли 1993 таъсис шуда, аз нерӯҳои заминӣ, мобилӣ, ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, нерӯҳои махсус, нерӯҳои ҳавоию десантӣ, Гвардияи миллӣ ва нерӯҳои амният (қувваҳои дохилӣ ва марзбонӣ) иборат аст.

Дар ин радабандии нав Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон ба тартиб дар ҷойҳои 57, 58, 77 ва 105-ум қарор доранд.

Иёлоти Муттаҳида бо холҳои 0.0744 дар садри рӯйхат қарор дорад, пас аз он Русия (0.0788), Чин (0.0788) ва Ҳиндустон (0.1184) дар мақомҳои баъдӣ қарор гирифтаанд.

Бутан бо касби 6.3934 хол дар ҷои 145-ум пеш аз Бенин (4.3156), дар охири рейтинг қарор дорад.

Шохиси GFP ба санҷиши қобилияти ҳар як кишвар дар ҷангҳои эҳтимолии заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоӣ асос ёфтааст. Ин шохис баррасии арзишҳои марбут ба захираҳо, молия ва ҷуғрофияро дар бар мегирад, ки дар маҷмуъ 60 омили гуногун рейтинги ниҳоии GPF-ро ташкил медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

321 миллиард рубл даромади Русия аз муҳоҷирон

Дар якуним сол ба буҷети давлатии Русия аз бахши муҳоҷират 321 миллиард рубл (тақрибан 4 миллиард доллар) ворид шудааст.

Расонаи нави “Tajikistan Newsroom” ба забони англисӣ ба кор оғоз кард

Ҳамзамон бо таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, платформаи нави хабарии англисизабон бо номи "Tajikistan Newsroom" фаъолияти худро оғоз кард.

Тағйирёбӣ обуҳаво: хокбориш дар роҳ аст

Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон тағйири ҳаво дар назар аст ва кишвар боз бо мушкили гарду ғубор рӯ ба рӯ мешавад.

Афзоиши даргириҳо дар Яман: ҷанг ба марҳилаи нав ворид шуд

Дар Яман аз оғози моҳи сентябр даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷамоати Ансоруллоҳ (Ҳусиҳо) дар чанд вилояти ин кишвар шиддат гирифтааст.