Тоҷикистон соли гузашта сӯзишвории бештаре ворид кардааст

Соли 2022 Тоҷикистон дар қиёс ба соли 2021 164,9 ҳазор тонна сӯзишворӣ бештар ворид кардааст.

Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзода имрӯз, 7-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки соли гузашта ҳудуди 783,71 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 681,6 миллион доллар ба кишвар ворид карда шудааст. Нархи миёнаи ҳар як тонна 870 долларро ташкил дода, ин рақам нисбат ба нархи соли 2021 203 доллар ё 30,4% зиёд аст.

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2022 дар бозори кишвар 54 ширкат ё корхона ба воридоти сӯзишвории дизелӣ машғул буда, 387,15 ҳазор тонна сӯзишвории дизелиро ба маблағи умумии 339,14 миллион доллар бо нархи миёнаи 876 доллари ИМА барои як тонна ворид кардаанд.

Соли гузашта 49 корхона ва ширкат ба воридоти бензин машғул буда, 319,8 ҳазор тонна бензинро ба маблағи 245,7 миллион доллар ворид кардаанд, ки нисбат ба соли 2021 77,4 ҳазор тонна зиёд мебошад. Нархи миёнаи як тонна 768 долларро ташкил додааст.  

Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, ки дар соли 2022 15 корхона ва ширкат 396,7 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 197,7 миллион доллар бо нархи миёнаи 498 доллар барои як тонна ворид кардаанд.

84,1% ҳаҷми умумии воридоти газ аз Қазоқистон, 8,2% аз Узбекистон, 4,4% аз Русия ва 0,17% аз Туркманистон мебошад.

Асосан воридот ва фурӯши сӯзишворӣ дар кишварро наздикони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон инҳисор кардаанд.

Инчунин дар ин нишаст, Абдулмаҷид Муминзода сабаби тағйир наёфтани арзиши роҳкирои нақлиёти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон бо вуҷуди поинравии нархи сӯзишворӣ шарҳ дода гуфт, ки нақлиёти мусофирбари байни шаҳру ноҳияҳо аз сӯзишвории дизелӣ истифода мебаранд ва арзиши ин навъи сӯзишворӣ дар муқоиса бо бензин ва гази моеъ боло рафт.

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, моҳи декабри соли 2022 нархи 1 тонна сӯзишвории дизелӣ ба ҳисоби миёна 915 долларро ташкил додааст, ки 23,2% ё худ 173 доллар зиёдтар нисбат ба аввали соли гузашта мебошад.

Тақрибан 85%-и сӯзишвории дизелӣ аз Русия оварда шудааст.  

Тибқи иттилои Агентии омори кишвар, дар соли 2022 нархи бензин 27,9 дарсад, гази моеъ 27,3 дарсад арзон шуда, арзиши сӯзишвории дизелӣ бошад, баръакс 11,9 дарсад афзудааст. Гароншавии дизел ба ҳамлаи Русия ба Укриана рабт дорад, чун техникаи ҳарбии хушкигард асосан бо сӯзишвории дизелӣ кор мекунад.

Аммо пештар аз ин, Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар сабаби бетағйир мондани нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятиро бо вуҷуди коҳиш ёфтани нархи сӯзишворӣ дар кишвар, шарҳ дода гуфта буд, ки агар нархи сӯзишворӣ ва роҳкиро “каме тафовут” дошта бошад ҳам, дар ин давра (аз баҳори соли 2021 то имрӯз) нигоҳдории мошинҳо, аз ҷумла қимати қисмҳои эҳтиётӣ ва ғайра афзоиш ёфтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти Идибеки “Бохтарӣ” ва Рустами “Кал”

Мақомоти Тоҷикистон ду блогери фаъол дар шабакаҳои иҷтиморо, ки миёни ҷомеа ҳамчун блогерони "ҳукуматӣ" шинохта шудаанд, боздошт кардааст.

Фавти ду ноболиғ дар пайи омадани сел дар вилояти Хатлон

Ду кӯдаки хурдсол дар натиҷаи боришоти рӯзҳои гузашта дар ноҳияи Шамсидин Шоҳин ҷони худро аз даст доданд ва як навҷавони 18-сола захмӣ шудааст.

Зеленский Путинро ба мулоқоти рӯбарӯ даъват кард

Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина ба ҳамтои русаш Владимир Путин пешниҳод кардааст, ки барои баррасии роҳҳои поён додани ҷанг мулоқоти мустақим баргузор кунанд.

Пас аз навори латтукӯб, масъалаи гирифтани кӯдак аз модар баррасӣ мешавад

Мақомоти корҳои дохилии Душанбе алайҳи як зани 24-сола бо гумони бераҳмона рафтор кардан бо фарзанди яксолаи худ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.