Тоҷикистон: Афзоиши таҳдиди хатарҳо аз Афғонистон

Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар нишасти минтақавии Деҳлии нав гуфтааст, ки таҳдиди хатарҳо аз самти Афғонистон дар марз бо Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст.

Ба гузориши Тасс, 10-уми ноябр, Насрулло Маҳмудзода, Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар нишасти минтақавии Деҳлии нав дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки “вазъ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон ҳамоно мушкил боқӣ мемонад ва таҳдиди хатарҳои террористӣ аз ҷониби Афғонистон дар ҳоли афзоиш аст.”

Ба гуфтаи Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба сари қудрат омадани ҷунбиши Толибон дар Афғонистон ба вазъи низомиву сиёсӣ ва геополитикии ҷаҳон ислоҳоти ҷиддие ворид намуда, вазъро дар соҳаи амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ тағйир додааст.

Насрулло Маҳмудзода таъкид мекунад: “Нигаронии Тоҷикистон аз вазъи Афғонистон сабабҳои асоснок дорад, зеро кишвари мо, ки дорои марзи тӯлонӣ бо Афғонистон буда, дар сафи пеши мубориза бо паҳншавии таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар намуди ҷиноятҳои фаромарзӣ қарор дорад.”

Толибон пеш аз ин эълон карда буданд, ки Тоҷикистон ҳамсояи хуби Афғонистон аст ва ҳеч гуна таҳдиде алайҳи Тоҷикистон аз хоки Афғонистон сурат нахоҳад гирифт ва талошҳо барои ҳалли танишҳои байни Тоҷикистону Афғонистон аз роҳҳои дипломатӣ идома дорад.

Гуфтанист, ки пас аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон Тоҷикистон пайваста аз минбарҳои мухталиф садо баланд мекунад, ки бо таҳдиди хатарҳо аз самти Афғонистон рӯбарӯ аст, аммо домодҳои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки як бахши умдаи тиҷораташон бо Афғонистон ва ё ин кишвар ҳамчун транзит барои интиқоли молу колоҳои худ истифода мекунанд, як ҳафта ҳам қатъ нашудааст. Ва ахиран ҳам Эмомалӣ Раҳмон эълон карда буд, ки барои интиқоли кумакҳои ҷаҳонӣ ба Афғонистон кишварамон омода аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.