Тоҷикистон дар як сол 83 млн доллар кумаки башардӯстона гирифтааст

Аз аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон тақрибан ба маблағи 83 миллион доллар кумаки башардӯстона ворид гардидааст.

Ин кумакҳо аз 58 кишвари ҷаҳон ворид гашта, дар даҳ моҳи гузашта беш аз 82 миллиону 550,7 ҳазор долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи як соли қабл тақрибан ду баробар бештар аст.

Соли гузашта дар ин давра ба ҷумҳурӣ 8,7 хазор тонна кумаки башардӯстона ворид гардида, маблағи умумии он 41 миллиону 700,4 ҳазор долларро ташкил дода буд.

Дар 10 моҳи соли ҷорӣ бошад, ба кишвар беш аз 24,8 ҳазор тонна кумакҳои башардӯстона ворид шудааст.

Гуфтанист, кумакҳое, ки дар давоми ин даҳ моҳ ба кишвар ворид гаштааст, аз қабили орд, равғани растанӣ, доруворӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайра мебошанд.

Бештари ин кумакҳо ба се кишвари кумакунандаи асосии Тоҷикистон, Чин – 31,6%, ИМА – 14,5% ва Русия – 10,8% рост меоянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.