Содироти ин навъи маҳсулот давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ ба тақрибан ба маблағи 690 млн доллар анҷом дода шудааст, ки дар муқоиса бо соли пешин 3,1 баробар зиёд буда, 55% аз ҳаҷми умумии содирот дар соли равонро ташкил додааст.
Ҳамчунин зикр гардидааст, ки ҳиссаи нисбатан зиёдро дар сохтори содирот маҳсулоти минералӣ (семент, маъдану консентрат, ангишт, неруи барқ) – 222 млн доллар, фулузоти арзон ва маснуот аз он – (алюминий ва маснуот аз он) – 154 млн доллар, маҳсулот ва маснуоти нассоҷӣ – 141 млн доллар будааст.