Тоҷикистон аз Эрон нафт хариданист?

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз мулоқоти сафири кишварамон бо вазири нафти Эрон дар Теҳрон хабар додааст.

Сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода, ки 21-уми декабри соли 2021 дар Теҳрон “мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон Аҳмад Асадзода баргузор гардид.”

Бино ба иттилои манбаъ: “Дар мулоқот масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳо байни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар дар самтҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо зарурати истифода аз имконот ва зарфиятҳои мавҷударо барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.”

Ин дар ҳолест, ки хабаргузории ИЛНО-и Эрон хабар дода, ки дирӯз нахустини нишасти Коммисия муштараки Эрон ва Тоҷикистон дар ду баст аз тариқи онлайн сурат гирифт ва дар баробари масоили дигари рӯзномаи корӣ ҳамкориҳои дар бахши “нафт, газ, барқ ва энержӣ” ҳам мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ҳамзамон сафири Эрон дар Тоҷикистон дар сафҳаи твиттериаш гуфтааст: “Дар дидор бо Муҳаммад Боқир Қолибоф, раиси Шӯрои исломӣ дар хусуси густариши ҳамкориҳои ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон Эрону Тоҷикистон дар ҳавзаи парлумонӣ ва дигар заминаҳо табодули назар сурат гирифт ва бар омодагии Маҷлиси Шӯрои исломӣ барои тақвияти ҳамкориҳо таъкид кард.”

Дар замоне, ки Тоҷикистон нафтро аз Русия бо қимати гаронтар аз бозори нафти Эрон ворид мекунад ва як литр фаровардаҳои нафтӣ бо қимати зиёда аз 10 сомонӣ ба мардум фурӯхта мешавад, Тоҷикистон метавонад бо нархи арзонтар нафтро аз Эрон ворид кунад ва сарбории иҷтимоии мардумро камтар кунад.

Гуфтанист, Эрон зери таҳримҳои Амрико қарор дорад ва ҳар кас ҷуръат намекунад, ки аз ин кишвар нафт бихарад, аммо бархе ҳамсояҳои Эрон ва Чин бо баҳои камтар аз бозори ҷаҳонӣ аз Эрон нафт мехаранд. Эрон ҳам дар ин авохир бо назардошти буҳронҳои молии ҷаҳонӣ ва буҳронҳои молии пасокуруноӣ нафташро натанҳо бо пул, балки дар ивази молу колоҳое ҳам мефурӯшад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.

Миллионҳо рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро баргардонданд

Дар даҳ моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия беш аз 32,5 миллион рубл (ҳудуди 405 ҳазор доллар) маоши пардохтнашуда баргардонида шудааст.

Баъди хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷ аз Гурҷистон, М. Тағоев аз вазъаш хабар дод

Муҳаммад Тағоев, блогер ва мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар суҳбат бо "Паём ТВ" вазъи худро пас аз хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷаш аз Гурҷистон шарҳ дод.

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.