Эъломи омодагии Тоҷикистон барои ором кардани вазъ дар Қазоқистон

Тоҷикистон барои кумаки ҳукумати Қазоқистон дар рафъи мушкилоти пешомада ва ба эътидол даровардани вазъ дар ин кишвар изҳори омодагӣ кард.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 6-уми январ бо пахши як изҳороте гуфт, ки вазъи нооромӣ дар Қазоқистонро пайгирӣ доранд ва аз ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба мардуми осоишта ва ғасби мақомоти давлатӣ аз ҷониби мардум изҳори нигаронӣ намудааст.  

Инчунин дар изҳорот мақомоти тоҷик аз иқдомоти ҳукумати Қазоқистон барои хомӯш кардани тазоҳурот ҷонибдорӣ намудаанд.

“Бо пойбандӣ ба дӯстии чандинасра ва принсипи шарокати стратегӣ, талошҳои Қазоқистонро барои барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар дастгирӣ мекунем.”, омадааст дар изҳороти ВКХ.

Ҳамзамон мақомоти тоҷик барои иштирок дар рафъи мушкилоти пешомада дар ин кишвар омодагии худро эълом доштаанд. “Бо риояи уҳдадориҳои ҳампаймонӣ дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ният дорем дар амалиёти дастаҷамъонаи сулҳофарӣ барои расонидани кумак ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатари бамиёномада ширкат намоем.”

Ба назари коршиносон, изҳори омодагии Тоҷикистон барои иштирок ва ба эътидол даровардани вазъ дар Қазоқистон аз иқдомҳои нодири мақомоти ин кишвар буда, қаблан собиқае надоштааст.

Вобаста ба ин қазия Азимҷони Ваҳҳоб, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, агарчи Тоҷикистон узви СААД аст, вале пеш аз ҳама эъломи омодагӣ карданаш барои чунин коре, бештар гувоҳи тарс доштани ӯ аз қувваҳои дохилии худаш аст ва ҳамзамон барои тарс додани онҳо чунин иқдом кардансит.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Навори баҳси сокини маҳаллӣ бо ду муҳоҷири тоҷик дар Аврупо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки гуфта мешавад...

Интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз Русия ҳанӯз оғоз нашудааст

Раванди интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз зиндонҳои Русия...

Муовини раисҷумҳури ИМА Исроилро ба талоши тӯлонӣ кардани ҷанг бо Эрон муттаҳам кард

Муовини раисҷумҳури ИМА Ҷей Дӣ Вэнс изҳор дошт, ки...

Додгоҳи Австрия дархости истирдоди Шавкати Муҳаммадро баррасӣ мекунад

Додгоҳи ҷиноии шаҳри Вена қарор аст рӯзи 5 август...