Тоҷикистон ба далели вазъи ноором дар Украина парвозҳо ба бархе аз шаҳрҳои Русияро муваққатан катъ кард. Акс: Интернет “РИА Новости” бо такя ба манбаи худ аз Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар дод, ки ин кишвар рӯзи душанбе ба далели авзоъ дар Украина парвозҳо ба бархе аз шаҳрҳои Русияро муваққатан қатъ кардааст. “Бо қарори Ожонси федеролии […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Тоҷикистон ба далели вазъи ноором дар Украина парвозҳо ба бархе аз шаҳрҳои Русияро муваққатан катъ кард.
Акс: Интернет
“РИА Новости” бо такя ба манбаи худ аз Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар дод, ки ин кишвар рӯзи душанбе ба далели авзоъ дар Украина парвозҳо ба бархе аз шаҳрҳои Русияро муваққатан қатъ кардааст.
“Бо қарори Ожонси федеролии ҳамлу нақли ҳавоии Русия кори 12 фурудгоҳ дар наздикии марз бо Украина муваққатан боз дошта шудааст. Тоҷикистон аз ин фурудгоҳҳо ба се фурудгоҳ парвози доимӣ анҷом медод. Инҳо Краснодар, Ростови лаби Дон ва Воронеж мебошанд. “, мегӯяд манбаи “РИА Новости”.
Гуфта мешавад, парвозҳое, ки ба шаҳрҳои Краснодар, Ростови лаби Дон ва Воронеж пешбинӣ шуда буданд, мумкин аст ба дигар фурудгоҳҳои Русия дар наздикии он сурат бигиранд.
Ба иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, қатъи парвозҳо муваққатӣ буда, то 2 март идома хоҳанд кард. “Пас аз ин муҳлат вазъиятро дида амал мекунем, зеро ин тадбирҳо барои таъмини амнияти парвозҳо ва мусофирон андешида шудаанд”, – мегӯяд манбаъ.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.