Хабар УМУМӢ

Тоҷикистон тими Мянмарро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” тими Мянмарро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Акс: Интернет Ду голи Шервон Мабатшоев, голи Манучеҳр Ҷалилов ва голи Эҳсони Панҷшанбе ба дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” пирӯзӣ овард. Ин бозӣ 8-уми июн дар варзишгоҳи […]

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” тими Мянмарро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод.

Акс: Интернет

Ду голи Шервон Мабатшоев, голи Манучеҳр Ҷалилов ва голи Эҳсони Панҷшанбе ба дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” пирӯзӣ овард.

Ин бозӣ 8-уми июн дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “F” тими миллии Қирғизистон дастаи мунтахаби футболи Сингапурро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

Бо анҷоми даври аввали бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” Тоҷикистон дар ҷойи якум ва Қирғизистон дар ҷойи дуюм қарор доранд.

Тоҷикистон дар ду бозии дигари худ 11-уми июн бо мунтахаби Сингапур ва 14-уми июн бо дастаи мизбон – Қирғизистон – бозӣ хоҳад кард.

Ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 11 даста, аз ҷумла шаш дастае, ки ғолиби гурӯҳҳоянд ва панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои беҳтар дар ҷойҳои дувум қарор доранд, роҳ меёбанд.

Мавзӯъҳои марбут