Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар 48-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ (СҲИ) дар Исломобод, аз то ҳол ташкил нашудани ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон изҳори таасуф кард.
Акс: ИнтернетБино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии худ бар зарурати фаъол кардани нақши Созмон ва таҳкими муколамаи кишварҳои узв дар ҳалли масоили доғи кишварҳои мусалмонӣ таъкид карда, кишварҳои узви ин созмонро ба тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризм ва таҳдиду чолишҳои замони муосир даъват кард.
Дар идома вазири корҳои хориҷа дар масъалаҳои марбут ба Афғонистон ва таъсири манфии он ба минтақаи Осиёи Марказӣ суханронӣ намуда гуфтааст, ки мутаассифона, то ҳол шарти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба маъмурияти ҳозираи Афғонистон – ташкил намудани ҳукумати ҳамашумул бо иштироки ҳамаи қавмҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар ин кишвар иҷро нагардидааст.