27.9 C
Dushanbe

Тоҷикистону Қирғизистон даст доштани шаҳрвандонашон дар эътирозҳои Қазоқистонро рад карданд

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон даст доштани шаҳрвандонашон дар эътирозҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистонро рад карданд.

Намояндаи дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар вокуниш ба изҳороти Берик Асилов, додситони кулли Қазоқистон, ба Радиои Озодӣ навиштааст, ки дар ин бора аз роҳҳои расмӣ аз Қазоқистон маълумот нагирифтаанд ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар ошӯбҳои оммавии моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон ширкат надоштаанд.

Инчунин Вазорати корҳои хориҷӣ гуфтааст, ки баъд аз нашри хабарҳо дар бораи иштироки шаҳрвандони кишвар дар эътирозҳои Қазоқистон, сафорати Тоҷикистон ба ниҳодҳои дахлдори Қазоқистон муроҷиат кард ва ин далелҳо тасдиқи худро наёфт.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон низ изҳороти Додситонии Қазоқистонро рад карда, мегӯяд, ки ягон шаҳрванди Қирғизистон дар Қазоқистон дар гирдиҳамоиҳо ва эътирозҳои оммавию ғоратгарӣ иштирок накардааст.  

Ба гуфтаи ВКХ-и Қирғизистон, баъзе аз шаҳрвандони кишварашон ба далели “вазъияте, ки аз онҳо вобаста намебошад” дар маркази “ҳодисаҳои январӣ”-и Қазоқистон қарор гирифтаанд.

Вокуниши вазоратҳои хориҷии ин ду кишвар дар ҳолест, ки Додситонии кулли Қазоқистон Берик Асилов рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки дар ҳодисаҳои моҳи январи соли гузашта дар Қазоқистон, ки бо кушта шудану боздошти чандин нафар анҷомид, шаҳрвандони Узбакистон, Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳузур доштаад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро пас аз 90 сол ба Душанбе оварданд

Хоки Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммадро аз оромгоҳи Донскойи шаҳри Маскави Русия ба Тоҷикистон оварданд.

Кушта ва захмӣ шудани чанд нафар дар пайи ҳамла ба масҷиде дар Амрико

Дар пайи як ҳамлаи мусаллаҳона ба як масҷид дар шаҳри Сан-Диегои иёлати Калифорнияи Амрико се нафар кушта шуданд.

Сулҳ ё ҳамла? Трамп боз аз пешрафти музокирот бо Эрон хабар дод

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз таъхири ҳамлаи тарҳрезишуда ва "таҳаввули бисёр мусбат" аз раванди музокирот бо Эрон хабар дод.

Ба муҳоҷирони дорои доғи судӣ шаҳрвандии Русия дода намешавад

Дар Русия қоидаҳои гирифтани иқома ва шаҳрвандӣ барои муҳоҷирон боз ҳам сахттар мешаванд.