14.9 C
Dushanbe

Толибон $33 млн қарзи “Барқи тоҷик”-ро медиҳанд?

Ширкати такминкунандаи барқи Афғонистон “Брешно” вз ширкати “Барқи тоҷик” 33 миллион доллари амрикоӣ қарздор будааст. Дар ин бора мақомти ширкати “Барқи тоҷик” хабар доданд.

Бино ба иттилои хабаргузории “Азия-Плюс” ин нуктаро имрӯз раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода дар нишасти хабарии Вазорати энергетикаи Тоҷикистон зикр кардааст.

Ба гуфтаи раиси нави ширкати “Барқи тоҷик” масъулини ширкати “Бришно” дар моҳи январ 2 млн доллар қарзашонро баргардонидаад “ва ваъда кардаанд, ки то охири ҳафта 2 млн доллари дигар маблағи қарзро пардохт мекунанд ва ҳамин тариқ, давоми моҳи феврал ҳамаи қарзро ба Тоҷикистон бармегардонанд”.

Дар нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа, вазири ин ниҳод гуфта, ки Тоҷикистон дар соли 2021 ба Афғонистону Ӯзбекистон 871,6 миллион сомонӣ барқ фурӯхтааст.

“Нерӯи барқ асосан ба Афғонистон 1 млрд 213,1 млн. кВт. соат ба маблағи 612,2 млн. сомонӣ ва ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 1 млрд. 145,7 млн. кВт. соат ба маблағи 259,4 млн. сомонӣ содирот карда шуд”, – гуфтааст Далер Ҷумъа.

Пештар ширкати “Брешно”-и Афғонистон аз он шикоят дошт, ки сокинон ин кишвар аз маблағи барқ миллардҳо афғонӣ қарздоранд ва омода нестанд, ки қарзҳои худро баргардонанд. Масъулини он таъкид карда буданд, ки агар шаҳрвандон қарзҳои худро пардохт накунанд, дигар қодир ба гардонидани қарзҳои кишварҳои содирукнандаи барқро надорад.

Аммо сокинони ин кишвар ба расонаҳо гуфта буданд, ки пеш аз омадани Толибон вазъи иқтисодии кишвар хуб набуд ва бо омадани Толибон ба сари қудрат вазъи иқтисодӣ бадтар шуд ва ҳоло қариб тамоми сохторҳои иқтисодии кишвар фалаҷ шудааст ва мардум кору даромаде надоранд, ки битавонанд қарзҳои давлатии худро баргардонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Изҳори ташаккурии Трамп аз боз шудани тангаи Ҳурмуз

Рӯзи ҷумъа, 17-уми апрел вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ бо нашри паёме дар шабакаи Х аз пурра боз шудани тангаи Ҳурмуз хабар дод.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду кушта ба ҷо гузошт

Шаби 17-уми апрел дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон даргирии мусаллаҳона сура гирифт, ки дар натиҷа ду нафар кушта шуданд.

Фарзанди Эмомалӣ унвони илмӣ гирифт

Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвони номзади илмҳои тиб гардидааст.

Истифодаи паҳподҳо дар машқҳои низомии “Ҳамкорӣ–2026” дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон машқҳои низомии муштараки амалиётӣ-стратегии "Ҳамкорӣ–2026" бомуваффақият анҷом ёфтанд.