Толибон ба оташбас розӣ нашуданд. Дар як шабонарӯзи гузашта зиёда аз 50 низомӣ кушта шуд

Вазорати умури дохилии Афғонистон рӯзи душанбеи 21 сентябр хабар дод, ки дар ду ҳафтаи охир дар ҳамлаҳои Толибон 328 ғайринизомӣ кушта ва захмӣ шуданд.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилаи ин кишвар таъкид кард, ки Толибон ҳамзамон бо эълони шурӯи музокирот бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар 24 вилоят ҷангро оғоз карданд, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо 98 ғайринизомӣ кушта ва 230 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон Ториқ Ориян гуфт:

“Толибон дар ду ҳафтаи охир дар 24 вилояти кишвар ба ҳамватанони мо талафот доданд, ки бештар ин талафот дар вилоятҳои Тахор ва Нангарҳор ба мардуми осоишта ворид шудааст.”

Аммо ба гуфтаи хабаргузориҳои афғонистонӣ Гурӯҳи Толибон масъулияти ин ҳамларо ба душ нагирифта онро рад мекунанд.

Хабаогузории “Тулӯъ-нюз” бо такя ба манбааш аз ниҳодҳои амниятӣ хабар дода, ки тайи ду ҳафтаи ахир бар асари ҳамлаҳои Толибон ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 30 нерӯҳои низомии давлатӣ кушта шудаанд.

Аз сӯи дигар, тибқи оморҳои расмӣ, танҳо дар бисту чор соати гузашта тақрибан 57 сарбози ҳукуматӣ кушта шудааст.

Ин ҳамлаву кушторҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки Ҳукумати Афғонистон бо Гурӯҳи Толибон дар Давҳа пойтахти Қатар шурӯъ аз 13 сентябри соли ҷорӣ сари мизи музокирот нишастаанд. Аммо хушунат баракс дар ин кишвари ҷангзада авҷ гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои музокиракунанда, ки аз Толибон ва ҳукумати Афғонистон намояндагӣ мекунанд, дар ин музокирот, бахусус дар мавриди амалисозии оташбас, ки бисёре аз кишварҳо хостори онанд, чандон пешрафте накардаанд, зеро Толибон пешниҳоди оташбасро рад мекунанд.

Чанде пеш ҳукумати Афғонистон барои иҷрои пешшартҳои ризоияти Толибон барои нишастан ба мизи музокирот 5000 Толибро аз зиндонҳояш раҳо карда буд. Бино ба як таҳқиқи вижаи амрикоӣ дар бораи зиндониёни озодшудаи Толибон беш аз 60 дарсади онҳо аҳди худро шикаста, дигарбора ба майдони ҷанг гаштаниянд.

Дар ҳамин ҳол рӯзи сешанбеи гузашта рӯзномаи “Вашингтон пост” бо нашри матлабе гуфт, Толибон ба тааҳудоти худ пойбанд намемонад ва ИМА набояд Афғонистонро танҳо бигузорад. Рӯзнома дар мақолаи худ таъкид доштааст, ки дар ин ҳолати ҳассос Амрико бояд бо ҳукумати Афғонистон бошад то раванди сулҳ ба анҷом расаду субот дар ин кишвар таъмин шавад, сипас ӯ метавонад нерӯҳои худро аз Афғонистон барорад.

Аммо ба назари коршиносон Амрико ҳудуди 20 сол мешавад, ки нерӯҳои низомияшро барои таъмини амният ва аз байн бурдани гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон вориди хоки ин кишвар кардааст, вале амният дар ин кишвар на ин ки таъмин нашуд, балки печидатар гаштааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.