27.9 C
Dushanbe

Толибон дар Афғонистон идораи ҳукуматро ба даст мегиранд?

Акс аз: www.mashaalradio.com

Собиқ ноиби президенти Афғонистон ва узви Ҷамъияти исломӣ, Аҳмад Зиё Масъуд дар саҳифаи фейсбукаш навишта, ки президент Ашраф Ғанӣ чанде пеш бо Толибон масъалаи панҷоҳ дар панҷоҳ тақсим кардани ҳукумати Афғонистонро дар миён гузошта ва ӯ ҳамроҳи Толибон ҳукумати муштарак таъсис доданист.

Аҳмад Зиё Масъуд, намояндаи собиқи Ғанӣ дар идораи Ҳукумат, дар саҳифаи Фейсбукаш дар пайи боздошти генерал Змрай Пайкон, собиқ фармондеҳи пулиси Афғонистон аз ҷониби сохторҳои амниятии ин кишвар навишт, ки ин боздошти фармондеҳи низомӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки Кобул дар муҳосираи Толибон қарор дорад ва ҳар лаҳза сурат гирифтани ҳамла дар ҳар нуқтаи кишвар аз эҳтимол дур нест. Ӯ боздошти шахсиятҳои низомиро фармоишӣ хонд.

Масъуд менависад: “Ашраф Ғанӣ дар аввали фаъолиятҳои кории худ дар соли 1996 аз генерал Пайкон шикоят мекард ва дар чандин вохӯриҳои амниятӣ ӯ аз ҷаноби Улумӣ, ки он вақт вазири корҳои дохилии Афғонистон буд, хоҳиш кард, ки масъалаи генерал Пайканро яктарафа кунад”.

جلالتمآب احمدضیاءمسعود معاون جمعیت اسلامی افغانستان! هموطنان عزيز! گرفتاري جنرال زمري پيكان و حمله در دره پنجشير ، در…

Gepostet von ‎احمد ضیا مسعود‎ am Sonntag, 23. August 2020

Ба навиштаи Аҳмад Зиё Масъуд Генерал Пайкон дар мубориза алайҳи терроризм ва Толибон шуҳрат дошт ва ин кори ӯ ба Ашраф Ғанӣ хуш намеомад. Ӯ дар идома навиштааст, ки Афшраф Ғанӣ дар масъалаи тақсими ҳукумат бо Толибон вориди гуфтугӯ шудааст, вале Толибон то ҳол дархости ӯро напазируфтаанд. “Раҳоии 5000 зиндонии Толиб низ имтиёзе дар ростои ҳамин ҳадаф будааст”,- мегӯяд Аҳмад Зиё.

Ба назари собиқ ноиби раисҷумҳури Афғонистон аз баски генерал Пайкон бо Толибон меҷангид, дастгир шудани ӯ аз ҷониби Ғанӣ ба эҳтимоли зиёд ин яке аз имтиёзҳои дигаре дар ростои муомилаи Ғанӣ бо Толибон аст, то онҳо ҳукумати мушоракатиро бо Ашраф Ғанӣ қабул кунанд.

Лозим ба зикр аст, ки Маҳкамаи олии Афғонистон генерал Змраи Пайконро бо иттиҳоми даст доштан дар фасод ва сӯиистифода аз мансаб ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Ин хабар сару садоҳои зиёдеро дар ҷомеаи Афғонистон ба бор овардааст. Як гурӯҳ ӯро гунаҳкор меҳисобанд ва хостори онанд, ки Генерал маҳкум бишавад, аммо қавмҳои тоҷиктабор боздошти ӯро муғризона унвон карда аз Ҳукумат озодии ӯро талаб доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.