Толибон: Иҷозат намедиҳем Афғонистонро ба озмоишгоҳи аслиҳа табдил кунанд

Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати умури муҳоҷират ва бозгашткунандагони Афғонистон гуфтааст, ки “ба ҷаҳон иҷозат намедиҳем, то Афғонистонро бори дигар ба озмоишгоҳи силлоҳҳои сабук ва сангин табдил диҳанд.”

Биноба ба иттилои Тулӯънюс, Халилурраҳмон Ҳаққонӣ дар сафар ба вилояти Шибирғони Афғонистон гуфтааст, ки бори дигар иҷозат намедиҳем, ки ҷаҳон Афғонистонро ба озмоишгоҳи силлоҳҳои сабук ва сангин табдил кунанд.

Ҳаққонӣ афзуда, ки “Афғонистон нисбат ба ҳар замоне дигар дар ҳоли ҳозир ба ваҳдат ва ҳамдигарпазирӣ ниёз дорад ва мардум бояд муттаҳидона барои бозсозӣ ва тараққии кишвар саҳми фаъол бигиранд.”

Ҳаққонӣ дар ҳоле аз табдили Афғонистон ба озмоишгоҳи силлоҳҳои сабук ва сангини абарқудратҳо суҳбат карда, ки дишаб президенти пешини Амрико Донал Тромп бо киноя ба суҳбати Бойден ва Путин гуфта, ки сарбозони ИМА бо ҷо гузоштани таҷҳизоти низомие ба маблағи беш аз 85 миллиард доллар аз Афғонистон фирор карданд.

Иттиҳоди Шӯравӣ низ пас аз 10 соли ҷанг дар Афғонистон ба маблағи миллионҳо доллар силлоҳҳои сабук ва сангини худашро дар он кишвар ҷо гузошата буд.

Афғонистон тайи сад соли ахир борҳо мавриди ҳамлаи бегонагон қарор гирифта, дар 40 соли ахир ҳам ором набуд. Аз соли 1979 то 1989 нерӯҳои Иттиҳоди собиқ Шӯравӣ бо раҳбарии Русия дар он ҷангиданду сипас аз 2001 то 2021 нерӯҳои НАТО бо раҳбарии Амрико ҳам ҷангиданду ҳам хеле аз силоҳҳои сабук ва сангини худро ба мисли “модари ҳама бамбҳо” дар соли 2017 мавриди озмоиш қарор доданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.

Вазорати мудофиа: Беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр хабар дод, ки дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати сарбозон ба артиш иҷро шудааст.

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.