Трамп пеш аз эълони натоиҷи ниҳоии интихобот пирӯзиашро эълон кард

Лаҳзае пеш Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳон ҳангоми суханронӣ бо ҷонибдоронаш дар Флорида пирӯзиашро дар интихоботи президентии Амрико эълон кард.

Ӯ гуфт, “мо имшаб торихро сохтем, сабаб дар он аст, ки мо аз болои мушкилоте ба осонӣ убур кардем, ки ҳеч кас убур аз онҳоро тасаввур намекард.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки шумориши овозҳои интихобкунандагон дар ин кишварр то ҳанӯз пурра ба анҷом нарасидааст ва ҳамин лаҳзаҳо шумориши овозҳо дар 4 вилояти дигар идома дорад. Вале зоҳиран Трамп дар вилоятҳои боқимонда ҳам пешсаф аст.

Ба иттилои хабаргузории France 24, аллакай Эммануэл Макрон, расиҷумҳури Фаронса дар баёнияе Доналд Трампро барои пирӯзияш дар интихобот табрик гуфт.

Ёдовар мешавем, ки аз дирӯз дар Амрико интихоботи президентӣ шуруъ шуд ва то ҳол шумориши овозҳо ба поён нарасидааст. Вале аксар таҳлилгарон пирӯзии Трампро тахмин мезананд.

Доналд Трамп дар интихоботи президентии соли 2020 дар баробари Ҷо Байден, раисҷумҳури кунинии Амрико мағлуб шуда буд, вале ин бор пешсаф аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.