14.9 C
Dushanbe

Трамп: Зеленский раисҷумҳури бекифоят аст!

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар як изҳороте мулоқоти дирӯзаи намояндагони Амрико ва Русияро “муфид ва бисёр хуб” арзёбӣ кард.

Ӯ зимни изҳороташ гуфт, президенти Украина Владимир Зеленский президенти бекофият аст ва хостаҳои беҷо дорад.

Зеленский қаблан гуфта буд, ки заминҳои аз ғасбшудааш аз ҷониби Русия бояд ба Украина баргардонида шаванд ва тамоми музокирот байни Русия ва Амрико дар мавриди Украина бидуни ҳузури Киев эътибор надорад. Аммо Трамп мегӯяд, “Гумон мекунам қудрати хотима додани ҷангро дар Украина дорам.”

Инчунин Трамп мегӯяд, Украина, ки ба пешниҳодоти ӯ розӣ нест, 3 сол муҳлат дошт ва мебоист ҷангро ба охир мерасонад. Ӯ ҳамчунин аз раисҷумҳури Украина интиқод кард ва гуфт, ки маҳбубияти Зеленский дар кишвараш 4%-ро ташкил медиҳад ва бояд интихобот гузаронида шавад. Аммо имрӯз Владимир Зеленский дар изҳороте ин иддаои Трампро рад кард ва гуфт, ки 4% ин омори Русия аст ва дар асл дар байни шаҳрвандонаш аз маҳбубияти болое бархурдор аст.

Зеленский мегӯяд, ӯ низ мехоҳад ҳарчи худтар ҷанг бо Русия хотима ёбад, аммо бояд манофеи амниятияш ба инобат гирифта шавад. “Мо поён додани ҷангро мехоҳем, вале раванди музокирот бояд одилона бошад. Мо намехоҳем, ки касе бореро бар дӯши мо гузорад.”, мегӯяд раисҷумҳури Украина.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, Зеленский ва раҳбарони кишварҳои аврупоӣ аз он нигаронанд, ки Трамп дар масъалаи сулҳ бо Путин шитобзада аст ва ин метавонад боиси нодида гирифтани манофеи амниятии онҳо шавад ва низ дар оянда дасти Путинро барои таҳдид ба Украина ва ё дигар кишварҳо бозтар гузорад.

Расонаҳои ғарбӣ мегӯянд, ки Трамп аллакай барои Русия имтиёзҳое додааст, аз ҷумла шомилшавии Украинаро ба НАТО рад карда, хоҳиши Киев барои барқарор кардани тамоми қаламравҳои аздастрафтаашро “хаёлпарастӣ” хондааст.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 18-уми феврал дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ нишасти вазирони корҳои хориҷии Русия ва Амрико доир гашт. Гуфта мешуд, меҳвари асосии гуфтушунид дар он нишаст масъалаи поён додани ҷанги Русия бо Украина аст. Аммо дар байни музокиракунандагон намояндагони Украина ҳузур надоштанд.

Владимир Зеленский низ дирӯз дар Анқара ба хабарнигорон гуфт, ки аз ин ки ба нишасти Риёз намояндагони Украина даъват нашуданд, ғофилгир шудааст.

Гуфта мешуд, дар нишасти Риёз ҳайати Русияро вазири корҳои хориҷии он Сергей Лавров ва ёвари президенти Русия Юрий Ушаков намояндагӣ мекарданд, аммо ҳайати Амрико аз вазири корҳои хориҷии ин кишвар Марко Рубио, мушовири амнияти миллӣ Майк Волтз ва фиристодаи вежаи ИМА дар умури Ховари Миёна Стивен Виткоф иборат буд.

Тибқи иттилои расонаҳо, Амрико ва Русия дар нишасти дирӯзаи Риёз роҳҳои хотима додан ба ҷанги сесолаи Украина ва ҳамчунин масоили дуҷонибаро муҳокима карданд. Намояндагони ду тараф инчунин роҳҳои беҳбуд бахшидани муносибатҳои байни кишварҳо, аз ҷумла коҳиш додани таҳримҳои иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратиро баррасӣ карданд. Гуфта мешавад, ин музокирот метавонад заминаи мулоқоти байни президенти ИМА Доналд Трамп ва ҳамтои руси ӯ Владимир Путинро фароҳам оварад.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дирӯз пас аз нишаст ба хабарнигорон гуфт, ки агарчи дар ин марҳила бо Амрико намешавад 100% ба тавофуқ расид, аммо якдигарфаҳмиҳо ва дастовардҳое дар мавриди поён додани ҷанг дар Украина вуҷуд дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 8% эълон шуд

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши 8-дарсадии иқтисоди кишвар дар се моҳи аввали соли 2026 хабар медиҳанд.

Падару писар дар як майдон бозӣ мекунанд?

Ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду, ки дар ҳайати бошгоҳи саудии "Ал-Наср" бозӣ мекунад, мумкин аст дар мавсими оянда бо писараш дар як даста ба майдон барояд.

Амрико оташбас бо Эронро боз тамдид кард

Шоми рӯзи 21-уми апрел раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп оташбас бо Эронро тамдид кард, вале муҳлати онро муайян накард.

Amnesty International аз марги маҳбусон, шиканҷа ва саркӯб дар Тоҷикистон гуфт

Созмони ҳуқуқии Афви байнулмилал ё Amnesty International вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон нигаронкунанда номидааст.